
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи Шумо, сокинони сарбаланди ноҳияи Айнӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ин санаҳои фархунда дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми махсус дошта, рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият, барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардид, дар яке аз ҳассостарин марҳалаҳои таърихи миллат барои муайян намудани роҳи минбаъдаи давлатдорӣ ва наҷоти давлат нақши сарнавиштсоз гузошт. Ин рӯйдоди таърихӣ бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ оғози марҳалаи нави давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.
Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди барқарорсозии сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ, бозгашти гурезаҳо ба Ватан ва эҳёи ҳаёти осоиштаи мардум амалӣ гардида, Тоҷикистон ба роҳи суботу созандагӣ ва рушди устувор ворид шуд.
Имрӯз мо бо ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, шоҳиди пешрафти кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, ободонии шаҳру деҳот ва баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошем.
Мо, сокинони ноҳияи Айнӣ, низ бояд бо меҳнати содиқона, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем. Ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Бовар дорам, ки бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, эҳсоси баланди масъулият ва заҳмати созанда минбаъд низ барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пешрафти ноҳияи азизамон талош хоҳем кард.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, файзу баракат ва дар фаъолияти созандаатон муваффақиятҳои нав орзу менамоям.
Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷовидонӣ бошад!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!










