
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, намояндагони соҳаҳои гуногун ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия хотираи фарзандони барӯманди миллат — Нисор Муҳаммад, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пос дошта шуда, хонандагон оид ба хизматҳои таърихӣ ва саҳми онҳо дар давлатдории тоҷикон маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таъкид кард, ки арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони миллат ва ҳифзи хотираи таърихии онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Сипас, пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ оғоз гардид.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуда, таъкид кард, ки қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди сарнавиштсоз буда, заминаи устувори бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро фароҳам овард.
Ҳамзамон, доир ба нақши Конститутсия дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон андешаронӣ карда шуд. Зикр гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба қонун вазифаи муҳимми ҷомеа мебошад.
Дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия аз дастовардҳои соҳаи ободониву созандагӣ ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ноҳия 755 иншооти таъиноти гуногун бо фарогирии 1105 ҷойи кори доимӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода паёми табрикии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Конститутсия ба самъи иштирокдорон расонида, табрикоту таманниёти роҳбарияти вилоятро ба сокинони ноҳия иброз дошт.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолону пешсафони соҳаҳои гуногун ҷоизаю сипосномаҳо тақдим гардида, барномаи рангини консертӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин карда шуд.
Чорабинии идона дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти эҳтиром ба Конститутсия, арзишҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистонро таъкид намуд.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










