Хабарҳои руз

Бозсозии мангули Хушекат барои таъмини мунтазами оби полезӣ

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои таъмиру таҷдиди мангули Хушекат боздид намуда, бо ҷараёни корҳои анҷомёбанда ва имкониятҳои техникии иншооти мазкур шинос гардид.

Мангули Хушекат яке аз иншооти муҳими обрасонӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини заминҳои кишоварзии Дашти Хушекат ва қисме аз Дашти Варз бо оби полезӣ аҳамияти калон дорад. Иншооти мазкур бо дарозии тақрибан 4200 метр сохта шуда, аз соли 1951 то соли 2000 фаъолият намудааст. Баъдан, беш аз 26 сол аз фаъолият бозмонда, эҳтиёҷ ба таъмиру таҷдиди куллӣ пайдо кардааст.

Айни замон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии сокинон корҳои барқарорсозии иншоот идома доранд. Дар доираи корҳои таъмиру таҷдид иваз ва навсозии қубурҳои фарсуда, аз ҷумла қубурҳои оҳании қутрашон 500 миллиметр, инчунин қубурҳои оҳанӣ, асбестӣ ва пластмасӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, сохтмон ва барқарорсозии ду ҳавзча — яке барои қабули об ва дигаре барои обпарто, амалӣ карда мешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани мангули Хушекат имкони обёрии тақрибан 130 гектар замини кишоварзии Дашти Хушекат фароҳам гардида, ҳамзамон имкониятҳои таъминоти оби полезӣ ба заминҳои Дашти Варз низ беҳтар хоҳанд шуд. Тибқи ҳисобҳо, дар сурати пурра барқарор гардидани иншоот, имкони обёрии нисфи заминҳои Дашти Варз низ фароҳам мегардад.

Зимни боздид раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба масъулони соҳа ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳои таъмиру таҷдид, истифодаи дурусти масолеҳи техникӣ ва таъмини фаъолияти устувори иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қобили зикр аст, ки таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифат ва фаровон, рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ба шумор мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳидояту дастурҳои худ пайваста ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи обу замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди деҳот таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар ин замина, бозсозии мангули Хушекат низ ба татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Зеро дастрасии мунтазам ба оби полезӣ барои истифодаи самараноки заминҳои ҳосилхез, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Барқарорсозии иншооти мазкур намунаи ҳамкории мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ дар роҳи ободонии маҳал, эҳёи имкониятҳои истеҳсолӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

 

Leave a Reply

Back to top button