Хабарҳои руз

ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, раиси Суди ноҳияи Айнӣ Некрӯз Маруфзода, кормандони мақомоти судии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Нахуст, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрик намуда, дар суханронии худ саҳми кормандони ин мақомотро дар таҳкими волоияти қонун, таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муҳим арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки ҳокимияти судӣ дар низоми давлатдории миллӣ мавқеи хос дошта, фаъолияти босамари он яке аз омилҳои муҳими таъмини суботу оромӣ, таҳкими қонуният ва баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, кормандони мақомоти судӣ бояд дар иҷрои вазифаҳои касбии худ ба принсипҳои адолат, беғаразӣ, мустақилият ва риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ такя намоянд.

Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, баррасии одилонаи парвандаҳо ва муносибати масъулона ба иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими кормандони мақомоти судӣ мебошад. Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими ҳамкории судҳо бо дигар мақомоти давлатӣ аҳаммияти хос дорад.

Сипас, прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Алиҷон Рауфзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокирозода баромад намуда, кормандони мақомоти судиро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфтанд.

Зимни баромадҳо нақши мақомоти судӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани масъулияти хизматӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун таъкид карда шуд.

Қайд гардид, ки ҳамкории судманд миёни мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои таъмини адолат, ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ва таҳкими фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ дар байни шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин раванд, таҷрибаи кормандони соҳибтаҷриба ва саҳми собиқадорони соҳа дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа низ муҳим арзёбӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 26 октябр Рӯзи кормандони мақомоти судӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана ба сифати иди касбии судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳо ва дигар кормандони соҳаи судӣ эътироф гардида, баёнгари эҳтироми ҷомеа ба фаъолияти пурмасъулияти онҳо дар роҳи таъмини адолат ва қонуният мебошад.

Таҷлили ин рӯз имконият фароҳам меорад, ки нақши ҳокимияти судӣ дар низоми давлатдорӣ, аҳаммияти риояи қонун ва зарурати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бори дигар таъкид карда шавад.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардида, иштирокдорон ба кормандони мақомоти судии ноҳия дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти касбӣ, таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон муваффақият орзу намуданд.

Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button