
Дар доираи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардида, як қатор намояндагони касбу кори гуногун барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаҳои мухталиф бо ҷоизаю мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.
Нахуст, ба раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода барои пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Номаи сипоси Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи фарҳанги ноҳия, бунёду азнавсозии иншооти фарҳангӣ ва дастгириҳои пайваста дар ин самт ба раиси ноҳия нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.
Дар идомаи маросим як қатор омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар, хизматҳои шоиста дар соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас бо нишони сарисинагии «Аълочии илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026 миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ, омӯзгорону калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия бо ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Қадрдонии фаъолон ва ғолибони озмун нишонаи таваҷҷуҳ ба заҳмати содиқона, дастгирии ташаббусҳои созанда ва ҳавасмандгардонии шахсони пешсаф буда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ба чорабинии идонаи бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳи хосса зам намуд.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










