ФАВРӢ!Хабарҳои руз

ТАЪМИНИ АҲОЛИИ НОҲИЯИ АЙНӢ БО ОБИ ТОЗАИ НӮШОКӢ ТАДБИРҲОИ НАВРО ТАҚОЗО ДОРАД

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ ва таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ дар ноҳияи Айнӣ тадбирҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза касб менамоянд.

Дар ин замина, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии корхонаи саноатии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» сохтмони хати нави оби нӯшокӣ аз соҳили дарёи Зарафшон ба самти мавзеи Айнӣ-1 идома дорад.

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ бо мутахассисону масъулон суҳбат намуда, ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва татбиқи технологияҳои муосир дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи иттилои масъулон, дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа дар наздикии соҳили дарёи Зарафшон чоҳи амудӣ бо чуқурии 50 метр бунёд гардида, оби зеризаминӣ тавассути қубури қутраш 210 миллиметр ба ҳавзи асосии обҷамъкунӣ бо ғунҷоиши 300 метри мукааб интиқол дода мешавад. Сипас, об тавассути қубури қутраш 160 миллиметр аз болои дарёи Зарафшон ба масофаи 2400 метр то ҳавзҳои иловагӣ расонида мешавад.

Ҳамзамон, дар баландии мавзеи Айнӣ-1 сохтмони ду ҳавзи обҷамъкунӣ, ки ҳар кадоми онҳо дорои ғунҷоиши 500 метри мукааб мебошанд, идома дорад. Бо ба анҷом расидани марҳилаи аввал мавзеи мазкур бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегардад.

Мувофиқи нақша, дар марҳилаи дуюм татбиқи лоиҳа то маркази ноҳияи Айнӣ — деҳаи Айнӣ идома ёфта, низоми нави тақсимоти об таъсис дода мешавад. Дар натиҷа, муассисаву идораҳо, корхонаҳо ва аҳолии маркази ноҳия низ аз оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари татбиқи лоиҳаи мазкур, бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар дигар маҳалҳои аҳолинишин низ корҳои назаррас дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ амалӣ мегарданд.

Бояд таъкид намуд, ки таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бунёду навсозии инфрасохтори обтаъминкунӣ дар беҳдошти вазъи санитариву эпидемиологӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон нақши муҳим мегузорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва истифодаи оқилонаи захираҳои об тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button