Хабарҳои руз

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ

Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, боздид намуда, бо масъулони корҳои сохтмонӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбат анҷом дод.

Ёдрас мешавем, ки бинои Беморхонаи марказии ноҳия, ки соли 1989 мавриди истифода қарор гирифтааст, тӯли солҳои зиёд таъмири куллӣ надида, ба таъмиру навсозии асосӣ ниёз дошт. Бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ айни замон корҳои таъмиру таҷдиди иншооти мазкур вусъат гирифтаанд.

Бинои беморхона аз се ошёна иборат буда, корҳои таъмиру сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чашмаи Истиқлол» ба уҳда дорад. Ҳадафи асосӣ аз навсозии ин муассисаи тандурустӣ фароҳам овардани шароити муосири табобату нигоҳубини беморон, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва муҳайё намудани муҳити муносиб барои фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар айни замон корҳои таъмиру азнавсозӣ ва дигар тадбирҳои марбут ба таъмири асосӣ идома дошта, тибқи нақша як қисми беморхона дар рӯзҳои наздик пас аз анҷоми корҳои таҷдид мавриди истифода қарор дода мешавад. Инчунин, барои таъмин намудани муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббии зарурӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои табобату нигоҳубини беморон тадбирҳо андешида мешаванд.

Раиси ноҳия зимни боздид ба роҳбарияти ширкати пудратчӣ ва масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки корҳои таъмиру таҷдид бояд бо сифати баланд, мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ ва талаботи муосир ба анҷом расонида шаванд.

Раиси ноҳия ҳамчунин аз шароити будубоши беморон дидан намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод ва ба аҳволи саломатиашон таваҷҷуҳ зоҳир карда, барояшон шифои комил ва сиҳатмандии бардавом орзу намуд.

Бояд таъкид кард, ки таъмиру таҷдиди Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ дар самти таҳкими инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ иқдоми муҳим ба шумор меравад. Пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ ва бо таҷҳизоти зарурии муосири тиббӣ таъмин гардидани он барои беморон ва кормандони соҳаи тандурустӣ шароити беҳтару мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

 

Leave a Reply

Back to top button