Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Айнӣ

10 ноябри соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Нахуст, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик намуда, таъкид кард, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои муҳим ва бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ буда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини амнияту суботи ҷомеа нақши муҳим дорад.

Раиси ноҳия ҳамзамон таъкид намуд, ки тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар буда, иҷрои доираи васеи вазифаҳо, аз ҷумла таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии сӯхтор ба зиммаи он вогузор гардидааст.

Сипас, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, подполковники милитсия Алиҷон Рауфзода баромад намуда, кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия ва собиқадорони соҳаро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфт. Номбурда зимни суханронии худ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддию техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кормандон, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тақвияти фаъолияти сохторҳои милитсия тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода ва сардори сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Азизҷон Ҳусейнзода зимни баромадҳои худ кормандони милитсияи ноҳияро ба муносибати иди касбӣ табрик намуда, аз нақши арзандаи онҳо дар ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун ёдовар шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба хизматҳои шоёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ арҷ гузошта шуд. Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода барои саҳми арзанда дар таъмини амну суботи ҷомеа, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон як қатор кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро бо Ифтихорнома ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонид.

Қобили зикр аст, ки дар доираи чорабинӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити хизмат ва тақвияти имкониятҳои моддию техникии мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ду адад автомашинаи хизматӣ тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик аз ҷониби сарояндагони Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button