
Дар Рӯзи милитсияи тоҷик, ки 10 ноябри соли 2026 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, як қатор кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар таъмини амну суботи ҷомеа қадрдонӣ карда шуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни қадрдонӣ саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ин замина, як қатор кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо Ифтихорнома ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин иқдом нишонаи эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба заҳмату садоқати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми онҳо дар таъмини оромиву суботи ҷомеа мебошад.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










