
Дар доираи таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик, дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ маросими тақдими автомашинаҳои хизматӣ ба Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид.
Дар маросими мазкур Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кормандони ШВКД ду адад автомашинаи хизматӣ тақдим намуд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид кард, ки ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани шароити хизмат, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ гардидааст.
Кормандони ШВКД барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти ноҳия изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва суботи ҷомеа содиқона хизмат хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










