Хабарҳои руз

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ АЗ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ДЕҲАИ МАХШЕВАД

Дар доираи боздид аз ҷараёни корҳои созандагӣ ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоии деҳа, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз Маркази саломатии деҳаи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё боздид ба амал овард.

Зимни боздид раиси ноҳия бо шароити хизматрасонии тиббӣ, вазъи моддию техникии марказ, имкониятҳои мавҷуда ва фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ аз наздик шинос гардид.

Маълум гардид, ки Маркази саломатии деҳа бо таҷҳизоти зарурии аввалияи тиббӣ таъмин буда, барои муоинаи беморон ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Таъмини марказ бо таҷҳизоти зарурӣ имкон медиҳад, ки сокинон дар маҳалли зисти худ аз хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ бархӯрдор гарданд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои амалии сокинон дар самти расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар марказ курси омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин курс зиёда аз даҳ нафар сокини деҳа фаро гирифта шуда, онҳо бо усулҳои аввалияи расонидани ёрии тиббӣ, тарзи дурусти амал ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва дигар малакаҳои зарурӣ шинос мегарданд.

Раиси ноҳия зимни суҳбат бо мудири марказ ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, муносибати хубу масъулиятшиносона бо беморон, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Равшан Раҳимзода таъкид кард, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар муассисаҳои тандурустӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ёрии саривақтии тиббӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи масъулон қарор дошта бошад.

Дар идомаи боздид раиси ноҳия ба масъулони соҳаи тандурустӣ ва роҳбарияти марказ дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ, нигоҳубини дурусти таҷҳизоти тиббӣ, риояи талаботи санитарию гигиенӣ, баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ва идомаи курсҳои омӯзишии ёрии аввалияи тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳо, риояи тарзи ҳаёти солим, беҳдошти муҳити зист ва сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тиббӣ таъкид гардид.

Раиси ноҳия фаъолияти Маркази саломатиро дар самти фароҳам овардани шароити аввалияи хизматрасонии тиббӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии мардум аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки роҳандозии чунин курсҳои омӯзишӣ ва фарогирии сокинон ба малакаҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи саломатии ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Дар маҷмӯъ, боздиди раиси ноҳия аз Маркази саломатии деҳаи Махшевад бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хизматрасонии тиббӣ, муайян намудани масъалаҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба аҳолӣ сурат гирифт.

Leave a Reply

Back to top button