
Дар доираи тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоти бевосита бо аҳолӣ, вохӯрии муштараки раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо сокинони деҳаи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, прокурори ноҳия Саидҷамол Ҷалолзода, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ полковник Алиҷон Рауфзода ва сардори ШКДАМ вилояти Суғд дар ноҳия майор Азизҷон Ҳусейнзода иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи асосии баргузории чунин вохӯриҳоро таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, инчунин баррасии мушкилоту масъалаҳои мавҷуда ва ҷалби сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, сухан ба прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода дода шуд. Мавсуф зимни баромади худ оид ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, авбошӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои хурд, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳамкории доимии аҳолӣ бо мақомоти дахлдор, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои дигарон дар таъмини амнияту суботи ҷомеа нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон, прокурори ноҳия ба масъалаи истифодаи худсаронаи замин, риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии дигар амалҳои ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар идомаи суханронӣ масъалаи тарбияи насли наврас, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки волидон вазифадоранд аз рӯзҳои аввали ба воя расидани фарзандон дар ташаккули одобу ахлоқи ҳамида, донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо саҳми арзанда гузошта, барои омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.
Дар ин замина, масъулияти падару модар дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, назорати давомоти фарзандон, иштироки онҳо дар дарсҳо ва истифодаи мақсадноки вақти холӣ муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ аз ҷониби ноболиғон бояд зери назорати волидон қарор дошта, бештар ба омӯзиш ва гирифтани маълумоти муфид равона карда шавад.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, эҳтироми шаъну шарафи аъзои оила, муносибати хуби байни келину хушдоман ва дигар аъзои хонавода низ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки эҳтироми тарафайн, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳити солими оилавӣ заминаи асосии тарбияи дурусти фарзандон ва ташаккули ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, прокурори ноҳия оид ба риояи талаботи қонунгузории кишвар дар самти танзими ҷашну маросим, пешгирии қонуншиканиҳо ва ҷавобгарии пешбинишуда барои риоя накардани муқаррароти қонун шарҳу тавзеҳ дод.
Дар баробари ин, масъалаи истифодаи самараноку оқилонаи неруи барқ, пешгирии талафоти он ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи неруи барқ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Сипас, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, полковник Алиҷон Рауфзода, дар баромади худ оид ба масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан суханронӣ намуд.
Мавсуф таъкид кард, ки ҳар як шаҳрванд бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошад.
Дар идома, сардори ШКДАМ вилояти Суғд дар ноҳия Азизҷон Ҳусейнзода оид ба ташаккули ҷомеаи солим, баробарҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ибрози андеша намуд. Зикр гардид, ки барои расидан ба зиндагии шоиста, ободии диёр ва рушди устувори кишвар саҳми ҳар як сокин муҳим буда, бояд дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ зиндагӣ ва фаъолият намуд. Ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, муаррифии шоистаи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамқадами замон будан таъкид карда шуд.
Дар қисмати ҷамъбастии вохӯрӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода суханронӣ намуда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ободонии маҳалҳо, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳозирин расонид.
Раиси ноҳия махсусан ба масъалаи вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Махшевад таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла, масъалаи азнавсозии хонаи фарҳанги деҳаро ба миён гузошт. Таъкид гардид, ки бо ҳамбастагӣ ва иштироки фаъолонаи сокинон метавон иншооти муҳимми иҷтимоиро бунёд ва шароити фароҳамовардаи фарҳангиву маърифатии аҳолиро беҳтар намуд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия хабар дод, ки сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳа оғоз мегардад. Ин иқдом барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсил ва таъмини насли наврас бо муҳити муосири омӯзишӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки муҳаббат ба Ватан, садоқат ба давлату миллат, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи нангу номуси тоҷикӣ аз арзишҳои муқаддас ба шумор рафта, ҳар як сокини кишвар бояд барои пешрафту шукуфоии сарзамини аҷдодӣ саҳмгузор бошад. Ба таъкиди раиси ноҳия, корҳои ободониву созандагӣ бояд бо суръати баланд идома ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шавад.
Дар навбати худ, сокинони деҳаи Махшевад низ оид ба нақшаҳои созандагиву ободонии худ маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки дар айни замон дар деҳа беш аз 20 иншоот бо ташаббуси сокинон ва дар ҳамкорӣ бо масъулон корҳои ободониву бунёдкорӣ идома доранд. Онҳо таъкид намуданд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани деҳаи азизашон омода буда, минбаъд низ дар татбиқи иқдомҳои созандагӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.
Раиси ноҳия дар ин замина изҳор дошт, ки дар соли 2027 низ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳия, аз ҷумла дар самти маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки танҳо бо муттаҳидӣ, ҳамкории судманд миёни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан метавон ба ҳадафҳои созанда расид ва барои наслҳои оянда муҳити ободу зебо ва шароити арзандаи зиндагиро фароҳам овард.
Махшевад бо иқдоми созанда ва ҳамбастагии сокинонаш қадамҳои устуворро дар роҳи ободонӣ мегузорад.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










