
Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ки бо ташаббус ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, дар ноҳияи Айнӣ корҳои бунёди корхонаи саноатии «Филиззот» идома доранд.
Дар ҳамин замина, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди инфрасохтори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филиззот» боздид намуда, бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи мазкур аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид раиси ноҳия бо сохтмончиён ва масъулони лоиҳа суҳбат намуда, оид ба раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ, сифати иншооти бунёдшаванда ва масъалаҳои вобаста ба муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ маълумот гирифт.
Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон корҳои сохтмонии биноҳои маъмурӣ ва фабрикаи истеҳсолии корхона идома дошта, дар баробари ин, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти минбаъдаи корхона тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Ҳамзамон, корҳои вобаста ба таъмини корхона бо оби нӯшокӣ, ободонӣ ва сабзгардонии муҳити атроф низ ҷараён дошта, ба масъалаҳои беҳтар намудани вазъи экологӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки дар баробари сохтмони иншооти асосии истеҳсолӣ, барои таъмини боэътимоди неруи барқ ба корхона низ инфрасохтори зарурӣ бунёд карда мешавад.
То имрӯз сохтмони хати интиқоли барқи ҳавоии ду занҷираи 110 кВ аз зеристгоҳи амалкунандаи 220/110/10 кВ «Искодар» то зеристгоҳи лоиҳавии 110/10 кВ «Филиззот» ба анҷом расонида шудааст. Дарозии умумии хат 10 километрро ташкил медиҳад.
Дар айни замон сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ «Филиззот» ва бунёди ду ячейкаи нави 110 кВ дар зеристгоҳи «Искодар» идома дорад. Инчунин, корҳои азнавсозии хати мавҷудаи интиқоли барқи 35 кВ «Тоҷикистон» ва сохтмони хати ду занҷираи 10 кВ аз зеристгоҳи «Филиззот» то нуқтаи тақсимоти барқии лоиҳавии «Чоре» идома доранд. Дар доираи корҳои иловагӣ зеристгоҳҳои комплектии трансформаторӣ насб гардида, хатҳои интиқоли барқи 0,4–10 кВ низ васлу насб шудаанд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филиззот» дар самти иктишофи геологӣ, истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ фаъолият менамояд. Бунёди чунин корхонаҳо барои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди саноати коркард ва афзоиши иқтидори истеҳсолии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур дар баробари мусоидат ба рушди саноати кӯҳӣ, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии давлат таҳти сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дошта, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ аз самтҳои афзалиятноки он ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина, татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаи «Филиззот» метавонад дар рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва таҳкими иқтидори иқтисодиву истеҳсолии ноҳияи Айнӣ саҳми назаррас гузорад.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










