
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то 31 декабри соли 2026 идома меёбанд, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишии бунёдшавандаи деҳаи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия нахуст бо ҷараёни сохтмони майдончаи варзишӣ шинос гардид. Иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми сокинони деҳа бунёд гардида истодааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншоот тақрибан 70 фоиз иҷро гардида, барои ба анҷом расонидани корҳои боқимонда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ бо масъулон ва сохтмончиён суҳбат намуда, ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои боқимонда, риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини бехатарии иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои машғул шудани наврасону ҷавонон ба варзиш яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, бунёди чунин иншоот дар таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон ва тарбияи насли солиму неруманд нақши муҳим мегузорад.
Ҳамзамон, раиси ноҳия аз рафти бунёди толори муосири варзишӣ дар деҳаи мазкур низ боздид ба амал оварда, бо хусусиятҳои лоиҳавӣ ва имкониятҳои иншооти сохташаванда шинос гардид.
Тибқи нақша, толори мазкур ҳамчун маҷмааи муосири варзишӣ бунёд гардида, дар ошёнаи якуми он ҳавзи шиноварӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад, толори муҷаҳҳази тамринӣ бо фарогирии намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонӣ ва варзишӣ, аз ҷумла штангабардорӣ, машқҳо бо брус, турник, гантел ва дигар таҷҳизоти зарурии тамринӣ ташкил карда мешавад.
Бунёди чунин маҷмааи варзишӣ имкон медиҳад, ки сокинони деҳа, бахусус наврасону ҷавонон, дар шароити муосир ба намудҳои гуногуни варзиш машғул гардида, маҳорати ҷисмонии худро такмил диҳанд. Ҳамчунин, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди варзиш ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ метавонад дар тарбияи варзишгарони болаёқат ва муаррифии шоистаи ноҳия дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун мусоидат намояд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Мавсуф таъкид намуд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои ҳар як сокини кишвар мояи ифтихор ва ангезаи нави меҳнату созандагӣ бошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо истифода аз фазои сулҳу субот ва имкониятҳои мавҷуда ҳар як шаҳру деҳот ободу зебо гардида, барои зиндагии шоистаи мардум шароити арзанда муҳайё карда шавад.
Раиси ноҳия ҳамчунин иброз дошт, ки рушди варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти наврасону ҷавонон ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба тарзи ҳаёти солим аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро ҷавонони солиму соҳибмаърифат, ватандӯсту дорои иродаи қавӣ неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат мебошанд.
Дар идома ба масъулони дахлдор дастур дода шуд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд, риояи талаботи меъёрҳои соҳавӣ ва дар муҳлатҳои пешбинишуда ба анҷом расонида, барои мавриди истифода қарор додани иншоот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Қобили зикр аст, ки бунёди майдонча ва толори муосири варзишӣ дар деҳаи Махшевад боз як иқдоми муҳими созандагӣ ба шумор рафта, барои беҳтар гардидани инфрасохтори иҷтимоии деҳа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии варзишӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо сокинон ва шахсони ташаббускор ҷиҳати татбиқи иқдомҳои созандагӣ ва ободонии маҳалҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани ноҳия саҳми арзанда мегузорад.
Ободонии диёр, рушди варзиш ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои мардум аз ҳадафҳои муҳими сиёсати созандагии давлат буда, бо саҳми муштараки мақомоти давлатӣ ва сокинон амалӣ мегарданд.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










