
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё ду иншооти нави хизматрасонию истеҳсолӣ – мағозаи хӯроквории «Шодиҷон» ва Маркази адрасбофӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Иншооти мазкур бо ташаббус ва маблағгузории сокини ватандӯсти деҳаи Махшевад Илҳом Абдуллоев бунёд гардида, барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон ва сокинони деҳа иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иқдоми созандаи соҳибкор Илҳом Абдуллоевро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, саҳми чунин шахсони ташаббускорро дар ободонии маҳал, рушди иқтисодиёти деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳим арзёбӣ кард.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои муҳими таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як иқдоми созанда ва ташаббуси соҳибкорони ватанӣ дар ин самт қобили дастгирӣ ва қадрдонӣ аст.
Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид намуд, ки эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус адрасбофӣ, дар ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон, муаррифии ҳунари миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл барои занону духтарон нақши муҳим дорад. Зарур аст, ки чунин марказҳо фаъолияти худро густариш дода, барои омода намудани ҳунармандони соҳибкасб ва ҷалби бештари занону духтарон ба касбомӯзӣ мусоидат намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар Маркази адрасбофӣ 8 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Ин иқдом на танҳо барои беҳтар гардидани вазъи иқтисодии оилаҳо, балки барои эҳёи ҳунари қадимаи адрасбофӣ ва идомаи анъанаҳои миллии ҳунармандӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани мағозаи хӯроквории «Шодиҷон» ду нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Фаъолияти мағоза барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ниёзи аввалия ва рушди хизматрасонӣ дар деҳа мусоидат хоҳад кард.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо соҳибкор ва кормандони иншоот таъкид намуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини сифати баланди маҳсулоту хизматрасонӣ, риояи талаботи санитариву беҳдоштӣ ва фароҳам овардани шароити хуби меҳнат барои кормандон бояд ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта бошад.
Дар навбати худ, соҳибкор Илҳом Абдуллоев изҳор дошт, ки минбаъд низ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободонии деҳа, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Мавриди зикр аст, ки бо ба истифода додани ин ду иншооти нав дар маҷмӯъ 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин иқдом дар самти коҳиш додани бекорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодии деҳа аҳамияти муҳим дорад.
Бояд гуфт, ки бунёду мавриди истифода қарор додани чунин иншооти хизматрасонию истеҳсолӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бозгӯи ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ дар пешрафту шукуфоии Ватан мебошад. Ободии Ватан аз иқдомҳои созанда оғоз меёбад!










