Хабарҳои руз

ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Муҳтарам намояндагони аҳли қалам!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва сокинони сарбаланди он самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор, бурдборӣ ва комёбиҳои тоза дар фаъолияти пуршарафи эҷодӣ таманно менамоям.
Таърихи беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз собит намудааст, ки нақши иттилоот ва фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа ва идораи давлат рӯз ба рӯз аҳамияти бештар касб менамояд. Дар чунин шароит матбуот ҳамчун оинаи воқеии ҷомеа, минбари афкори ҷамъиятӣ ва воситаи муҳими баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии мардум хизмат мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Маҳз бо ҳамин ғамхорӣ ва дастгирӣ ҳар сол санаи 11 март дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ин рӯзи фархунда ба таърихи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» иртиботи ногусастанӣ дорад. Нашри он дар оғози асри ХХ бо фаъолияти равшанфикрони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ, Абдулқодири Шакурӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ва устод Садриддин Айнӣ пайванди қавӣ дорад. Нахустшумораи ин рӯзнома 11 марти соли 1912 дар матбааи Бухорои Нав бо ташаббуси равшанфикрон Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзо Сироҷиддин Ҳаким ба табъ расида, таҳрири онро донишманди маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода ба уҳда дошт. Бо ин иқдоми наҷиб пояҳои матбуоти тоҷик гузошта шуда, мактаби рӯзноманигории миллӣ шакл гирифт.
Дар ҳақиқат, воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон нақши бузург доранд. Онҳо бо инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи рӯйдодҳои ҷомеа, таблиғи арзишҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба пешрафти давлату ҷомеа мусоидат менамоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ нақши воситаҳои ахбори оммаро хеле баланд арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд:
«Воситаҳои ахбори омма авзои ҳар як ҷомеаро инъикос намуда, ба мардум имкон медиҳанд, ки равандҳои пуртазоди ҳаёти ҷаҳони муосирро дарк намоянд ва манфиатҳои миллии худро ҳифз кунанд».
Ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ низ гуфта буданд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва миллате, ки рӯзнома надорад, гуё забон надорад».
Дар ин замина, рӯзномаи маҳаллии «Файзи Зарафшон» низ яке аз минбарҳои муҳими матбуоти маҳаллӣ ба шумор рафта, зиёда аз 92 сол аст, ки ҳамчун оинаи зиндагии мардуми ноҳияи Айнӣ хизмат менамояд. Нашрия дар тӯли фаъолияти худ масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияро инъикос намуда, барои тарғиби меҳнати созанда, ободии диёр, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии мардум саҳми арзанда мегузорад.
Имрӯз матбуоти тоҷик дар баробари дигар воситаҳои ахбори омма ба нерӯи пурқудрати иттилоотӣ табдил ёфта, дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва рушди давлатдорӣ нақши муассир мебозад.
Бо итминон метавон гуфт, ки рӯзноманигорон ва аҳли қалами ноҳияи Айнӣ низ дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ ва инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти ҷомеа рисолати касбии худро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, илҳоми эҷодӣ, қалами бурро ва муваффақиятҳои тоза дар фаъолияти пуршарафи рӯзноманигорӣ орзу менамоям.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бод! 📚✍️🇹🇯
Возможно, это изображение текст

Leave a Reply

Back to top button