Хабарҳои руз

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ РАВШАН РАҲИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Ҳамдиёрони азиз!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шумо — сокинони сарбаланду шарафманди ноҳияи Айнӣ, собиқадорони меҳнат, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонони ватандӯст ва кулли ҳамдиёрони азизро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии ноҳияи Айнӣ самимона табрику таҳният мегӯям.

23 ноябри соли 1930 дар таърихи маъмурию сиёсии сарзамини мо ҳамчун санаи таъсисёбии ноҳияи Заҳматобод, ки имрӯз бо номи ноҳияи Айнӣ маъруф аст, сабт гардидааст. Ин сана барои ҳар як сокини ноҳия на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки рамзи ифтихор аз гузашта, арҷгузорӣ ба заҳмати наслҳои пешин ва масъулият дар назди имрӯзу ояндаи диёри маҳбубамон мебошад.

Ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи сарзаминҳои бостонӣ ва дорои таърихи пурғановати миллати тоҷик ба шумор меравад. Ин диёри кӯҳистон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои Парғар, Фалғар ва Бутамон ёд шудааст, аз замонҳои қадим ҳамчун яке аз марказҳои муҳими тамаддун, фарҳанг, ҳунармандӣ ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Суғди бостон шинохта шудааст.

Бозёфтҳои нодири таърихӣ аз Қалъаи Муғ, ёдгории Гардани Ҳисор, ҳуҷҷатҳои суғдӣ ва дигар осори бостонӣ гувоҳи равшани фарҳанги воло, давлатдорӣ, саводу маърифат ва ҳунари ниёгони мо мебошанд. Ин сарзамин бо табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалак, дарёҳои пуртуғён, чашмаҳои мусаффо ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии худ дар таърихи тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи арзанда дорад.

Боиси ифтихор аст, ки ин диёри бостонӣ номи яке аз бузургтарин фарзандони миллат, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айниро ба худ гирифтааст. Номи пуршарафи устод барои ҳар як сокини ноҳия мояи ифтихор ва масъулияти баланд дар роҳи ҳифзи забон, фарҳанг, адабиёт ва арзишҳои миллист.

Имрӯз ноҳияи Айнӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати сулҳу субот, сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат марҳилаи нави рушду пешрафтро аз сар мегузаронад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо кардаанд.

Имрӯз рушди инфрасохтор, бунёду таҷдиди роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодию истеҳсолӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии соҳибкорӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб мераванд.

Захираҳои бойи табиӣ, имкониятҳои бузурги саноати кӯҳӣ, иқтидори соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои боз ҳам рушд ёфтани ноҳия заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ҳамзамон, захираи асосии пешрафти мо неруи инсонӣ, меҳнати содиқона, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ташаббускории сокинони заҳматқарини ноҳия мебошад.

Мо вазифадорем, ки бо эҳтиром ба таърихи пурифтихори ниёгон ва истифода аз имкониятҳои замони соҳибистиқлолӣ барои ободии ҳар як деҳа, рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст талош намоем. Зеро ояндаи дурахшони ноҳия аз масъулиятшиносӣ, ҳамбастагӣ ва саҳми созандаи ҳар як сокини он вобастагии амиқ дорад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи Шумо, сокинони сарбаланди ноҳияи Айнӣ ва ҳамдиёрони бурунмарзиро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти меҳнатию зиндагӣ барору комёбиҳои нав орзу менамоям.

Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи созандагӣ дар саросари диёри азизамон ҳамеша пойдор бошад.

Рӯзи ноҳияи Айнӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Back to top button