Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва васеъ намудани майдони кишти зироатҳо баррасӣ гардиданд

Нимаи дуюми рӯзи 23 ноябри соли 2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо иштироки кишоварзон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулони соҳа ситоди корӣ баргузор гардид.

Дар кори ситод роҳбарияти Раёсати кишоварзии ноҳия, Кумитаи идораи замин, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони Маркази бехатарии таъминоти озуқаворӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, шуъбаи омори ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Зимни баргузории ситод раиси ноҳия Равшан Раҳимзода нахуст вазъи корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла рафти кишти тирамоҳӣ, омодагӣ ба мавсими нави киштукор ва иҷрои нақшаҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор дод. Қайд гардид, ки кишти ғалладонагиҳо дар ноҳия то имрӯз пурра ба анҷом расидааст.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоӣ нақши муҳим дорад. Ҳамарӯза дар ноҳия даҳҳо тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеъмол мегардад, аз ин рӯ, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда кишти намудҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ ба таври самаранок ба роҳ монда шавад.

Дар ин замина, раиси ноҳия ба масъулони соҳа ҷиҳати мунтазам азхуд намудани заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳар сол дар ҳар яке аз ҳафт ҷамоати деҳоти ноҳия аз 3 то 5 гектар замини нави корам, ба ғайр аз заминҳои барои бунёди боғ пешбинишуда, азхуд ва мавриди истифодаи кишоварзӣ қарор дода шавад.

Ҳамзамон, зимни ҷудо намудани заминҳои нави ғайрикишоварзӣ бояд нисбат ба истифодаи мақсаднок ва самараноки онҳо уҳдадориҳои мушаххас пешбинӣ карда шаванд, то ки заминҳои ҷудогардида дар оянда самаранок истифода шаванд.

Раиси ноҳия вобаста ба шароити табиӣ, имкониятҳои мавҷуда ва хусусиятҳои ҳар як минтақа ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати муайян намудани нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2027 вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар идомаи ситод масъалаи таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ва истифодаи имкониятҳои дарёи Зарафшон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин самт як қатор пешниҳодҳо ҷиҳати васеъ намудани имкониятҳои обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ироа гардиданд.

Аз ҷумла, барои обёрӣ намудани 200 гектар замини Испина ба хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Ғафуров»-и деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан вазифагузорӣ карда шуд. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати дастгирӣ ва татбиқи ин иқдом мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Ҳамчунин, масъалаи обёрӣ намудани 200 гектар замини Боғпарвари хоҷагии деҳқонии Рарз ва минбаъд ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани он баррасӣ гардид. Равшан Раҳимзода зарурати андешидани тадбирҳои амалӣ ва суръат бахшидан ба корҳои обёриро таъкид кард.

Дар баробари ин, ба масъалаи идомаи корҳои бунёди боғ дар мавзеи Дашти Похут таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки корҳои бунёди боғ дар масоҳати 155 гектар бояд пурра ба анҷом расонида шуда, ниҳолшинонӣ боз ҳам вусъат дода шавад, то ки ин мавзеъ дар соли оянда барои истифодаи самаранок омода гардад.

Яке аз масъалаҳои асосии ситод васеъ намудани майдони кишти картошка дар соли 2027 буд. Раиси ноҳия ба масъулон дастур дод, ки бо дарназардошти имкониятҳои мусоиди иқлимӣ ва заминҳои ҳосилхези ноҳия майдони кишти ин зироати стратегӣ ба таври назаррас зиёд карда шавад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Айнӣ, бо назардошти ҳосилнокии хуби заминҳо ва мутобиқ будани шароити онҳо ба парвариши пиёз, зиёд намудани майдони кишти ин зироат дар соли 2027 ба масъулон супориш дода шуд.

Ҳамзамон, ба рушди картошкапарварӣ дар дараи Аловиддин таваҷҷуҳи махсус равона гардид. Бо супориши раиси ноҳия дар соли 2027 бояд тамоми имкониятҳои мавҷудаи ин мавзеъ барои васеъ намудани кишти картошка истифода шуда, заминҳои мувофиқ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд. Зикр гардид, ки дар ин дара имкониятҳои мусоиди азхудкунии заминҳои нав мавҷуд буда, истифодаи самараноки онҳо метавонад ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.

Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид намуд, ки дар деҳоти баландкӯҳи ноҳия барои ба даст овардани ҳосили баланди картошка шароити мусоид мавҷуд аст. Аз ин рӯ, кишоварзон бояд бо истифода аз имкониятҳои табиӣ, таҷрибаи мавҷуда ва меҳнати софдилона истеҳсоли ин маҳсулотро афзоиш диҳанд.

Дар ҷараёни ситод ба масъалаи ба ҳисобгирии дақиқи заминҳои азхудшуда низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ба шуъбаи омори ноҳия дастур дода шуд, ки тамоми заминҳои дар соли 2026 азхудшуда пурра муайян гардида, ба омори расмии ноҳия ворид карда шаванд.

Раиси ноҳия дар рафти баррасии масъалаҳо аз ҳар як шахси масъул ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ оид ба вазъи истифодаи замин, рафти киштукор, имкониятҳои истеҳсолӣ ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда пурсиш намуда, вобаста ба камбудиҳо ва масъалаҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дод.

Дар фарҷоми ситод Равшан Раҳимзода масъулони соҳа, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раисони ҷамоатҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои додашуда, самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин, васеъ намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати обёрӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки истифодаи оқилонаи замин, азхудкунии заминҳои нав ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои дахлдор ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар соли 2027 ба ҳисоб равад.

Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

 

Leave a Reply

Back to top button