
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуда, ба иштирокчиёни фаъол ва соҳибистеъдод диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар маросими супоридани ҷоизаҳо раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода иштирок намуда, ғолибони озмунро ба муносибати ба даст овардани натиҷаҳои назаррас самимона табрик гуфтанд.
Зимни маросими қадрдонӣ таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, рушди санъату ҳунари миллӣ, баланд бардоштани маҳорати эҷодии аҳли фарҳанг ва муаррифии арзишҳои миллӣ баргузор гардида, барои фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати рушди қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон ва аҳли ҳунар заминаи муҳим фароҳам меорад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун барои заҳмату талошҳои эҷодӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди фарҳанги миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти эҷодии онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, ба ғолибон ҷиҳати идомаи фаъолияти эҷодӣ, такмили маҳорати касбӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба даврҳои минбаъдаи озмун тавсияҳо дода шуд.
Дар фарҷом ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардида, ба онҳо дар роҳи расидан ба дастовардҳои нави эҷодӣ барору комёбиҳо орзу карда шуд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин озмунҳо ва қадрдонии ғолибон дар рушди фарҳангу санъат, кашфи истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ нақши муҳим дошта, барои муаррифии фарҳанги пурғановати тоҷик дар сатҳи ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










