
Парчами давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо рамзи расмии давлат нест. Он таҷассумгари таърихи чандинҳазорсолаи давлатдории мо, нишонаи соҳибихтиёрии миллӣ, рамзи озодиву истиқлол, ифодагари нангу номус, шарафу эътибор ва сарбаландии ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Он рамзест, ки дар зери парафшонии он гузаштаву имрӯзи миллат ба ҳам мепайвандад, ормонҳои таърихии халқ таҷассум меёбанд ва масъулияти наслҳои имрӯзу оянда дар назди Ватан муайян мегардад.
Бо камоли эҳтиром ва ифтихори миллӣ ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони ноҳия сулҳу оромӣ, файзу баракат, саодати рӯзгор ва сарбаландиву комёбӣ орзу менамоям.
Мо, тоҷикон, ворисони миллати куҳанбунёду тамаддунсоз ҳастем. Таърихи пурифтихори халқамон гувоҳи он аст, ки аҷдоди мо дар тӯли асрҳо барои ҳифзи истиқлол, ҳувияти миллӣ, забону фарҳанг ва суннатҳои давлатдории хеш мубориза бурдаанд. Ойини парчамдорӣ низ дар тамаддуни миллати мо решаҳои амиқи таърихӣ дошта, аз замонҳои бостон то имрӯз ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, шуҷоату мардонагӣ ва озодихоҳӣ арҷгузорӣ мешавад.
Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад.
Аз ин рӯ, Парчами давлатии имрӯзаи мо идомаи мантиқии суннати қадимаи парчамдории миллати тоҷик ва таҷассуми соҳибватаниву соҳибдавлатии халқи шарафманди мост.
Барои дарки амиқи арзишу мақоми Парчами давлатӣ моро зарур аст, ки ба саҳифаҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол назар афканем.
Истиқлоли давлатӣ, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, ормони деринаи миллати тоҷик ва оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ гардид. Аммо, мутаассифона, солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон давраи ниҳоят вазнину пурфоҷиа буданд. Мухолифатҳои сиёсӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, нооромӣ ва хатари парокандагии миллат пояҳои давлатдории навини моро ба озмоиши сахт рӯ ба рӯ сохтанд.
Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ, ки масъалаи ҳифзи ҳастии миллат ва бақои давлати соҳибистиқлол дар миён буд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Ин иҷлосияи таърихӣ дар сарнавишти халқи тоҷик нақши тақдирсоз гузошта, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини сулҳу субот заминаи воқеӣ гузошт.
Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ, 24 ноябри соли 1992, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдод дар он рӯзҳои душвори таърихӣ баёнгари иродаи қавии миллат барои ҳифзи истиқлол ва идомаи давлатдории миллӣ буд.
Парчам дар он рӯзҳо танҳо рамзи давлатӣ набуд, балки рамзи умед ба фардо, рамзи муттаҳидшавии мардум ва бовар ба ояндаи Тоҷикистон гардид.
Бояд бо ифтихор таъкид намоям, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон, барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани миллат дар ин марҳилаи тақдирсоз ниҳоят муҳим мебошад.
Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд».
Воқеан, таҳти ҳамин Парчам мардуми Тоҷикистон тавонистанд саҳифаи нави таърихи худро оғоз намуда, давлатро аз вартаи буҳрон раҳо созанд, сулҳу суботро барқарор намоянд ва барои бунёди ҷомеаи осоиштаву пешрафта замина гузоранд.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳар як ҷузъи Парчами давлатӣ мазмуни амиқи маънавию таърихӣ дошта, дар маҷмӯъ симои миллати соҳибтамаддун, иродаи қавии мардум ва ормонҳои созандаи халқи тоҷикро таҷассум менамояд.
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари парчамҳои давлатҳои ҷаҳон дар назди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшонӣ менамояд. Ин далели равшани соҳибихтиёрии давлати мо ва эътирофи ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан мебошад».
Ин андешаи созанда моро ба хулосаи муҳим мерасонад: эҳтиром ба Парчам бояд дар қалби ҳар як шаҳрванд ҷой дошта, дар рафтору кирдор, муносибат ба Ватан, меҳнати содиқона ва масъулияти шаҳрвандии ӯ таҷассум ёбад.
Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми Парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем. Зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Маҳз ҳамин маънӣ дар мисраи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ба зери парчами ту саф кашидаем» ифодаи равшани худро пайдо намудааст. Ин мисра рамзи ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъии миллат ва садоқати ҳар як шаҳрванди кишвар ба Ватани азиз мебошад. Зери Парчами давлатӣ саф кашидан маънои муттаҳид будани тамоми мардуми Тоҷикистонро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ободонии сарзамини аҷдодӣ дорад. Яъне, Парчами давлатӣ моро новобаста аз касбу кор ва мавқеи иҷтимоӣ дар атрофи як арзиши муқаддас — Ватан муттаҳид месозад.
Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки Парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад.
Ҳар як шаҳрванди ноҳия вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки Парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст.
Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат дар ноҳияи Айнӣ низ ҷиҳати арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди маънавию фарҳангӣ барои сокинон тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Яке аз иқдомоти муҳими дорои аҳаммияти баланди сиёсиву маънавӣ дар ин самт бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани майдонҳои Парчами давлатӣ мебошад.
Боиси сарфарозист, ки дар маркази ноҳияи Айнӣ ва деҳаи Урметан майдонҳои Парчами давлатӣ бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, дар деҳаи Дарғ низ майдони Парчами давлатӣ бунёд гардида, иншооти мазкур зимни ташрифи Пешвои миллат ба истифода дода шуд.
Иқдоми мазкур идома ёфта, соли равон низ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Зарафшон-2 майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд.
Ин иқдомҳо дар маҷмӯъ далели равшани таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии давлат ба рушди маҳал, ободонии шаҳру деҳот, таҳкими арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандории сокинони ноҳияи Айнӣ мебошанд.
Майдонҳои Парчами давлатӣ дар ин маҳалҳо на танҳо иншооти зебои меъморӣ, балки макони ифодаи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошанд. Парафшонии Парчами давлатӣ дар чунин маконҳо бояд ҳамеша дар қалби сокинон эҳсоси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдориро тақвият бахшад.
Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва садоқат ба Ватан, дар назди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардидааст.
Вазифаи мо танҳо насб намудани Парчам дар муассисаҳо нест. Вазифаи асосӣ он аст, ки маънои муқаддаси онро ба қалби фарзандон расонем, дар онҳо ҳисси ифтихор аз давлату миллати худ, эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандиро ташаккул диҳем.
Аз ин рӯ, омӯзгорон, падару модарон, зиёиён, фаъолони ҷомеа ва тамоми қишрҳои аҳолӣ бояд дар ин самт масъулияти бештар эҳсос намуда, барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии миллӣ саҳми арзанда гузоранд.
Имрӯз ободии ҳар як маҳал, ҳар як иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳар як қадами созанда дар роҳи рушди Ватан натиҷаи фазои сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ мебошад.
Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ободонии диёри худ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми арзанда гузорем.
Мо, сокинони ноҳияи Айнӣ, бояд бо меҳнати софдилона, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ собит намоем, ки ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумат мерасем.
Дар фарҷоми сухан мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки Парчами давлатӣ танҳо матое бо се ранг ва нишони миллӣ нест. Он таҷассумгари таърихи пурифтихори миллат, рамзи соҳибихтиёрии давлат, нишонаи ваҳдати миллӣ, пайванди наслҳои гузашта имрӯзу оянда ва рамзи давлатдории мост.
Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу субот парафшон бошад, зеро то замоне ки Парчами миллӣ парафшон аст, номи Тоҷикистон, ҳастии миллати тоҷик ва ифтихори соҳибдавлатии мо ҷовидон хоҳад монд.
Бигзор, таҳти парафшонии ин рамзи муқаддас ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбуби миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наслҳои имрӯзу ояндаи миллати тоҷик сарҷамъу муттаҳид, ватандӯсту созанда ва содиқ ба ормонҳои миллӣ ба камол расанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, орзу менамоям, ки дар сарзамини аҷдодиамон ҳамеша сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ пойдор бошад.
Ҳамонгунае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбуби миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Сари ҳамчун Парчам баланду рӯи чун Парчам сурх, рузгори мисли Парчам сабзу бахти чун Парчам сафедро ба якояки Шумо орзу менамоям”
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!










