
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули эҷоди ҳунармандони ноҳия баргузор гардид.
Нахуст, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода аз намоишгоҳ дидан намуда, бо дастовардҳои ҳунармандони мардумӣ, намунаҳои гулдӯзиву кашидадӯзӣ ва маҳсули эҷоди занони ҳунарманди ноҳия шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла маҳсулоти дастии занону бонувони ҳунарманд, намунаҳои ҳунари гулдӯзӣ ва кашидадӯзӣ, инчунинзаргарӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки таҷассумгари фарҳанги ғанӣ, завқи баланди зебоипарастӣ ва маҳорати ҳунармандии мардуми ноҳия мебошанд.
Ҳамзамон, ҳаваскорони мактабҳои санъати ноҳия бо пешниҳоди суруду мусиқии зинда маҳорати ҳунарии худро намоиш дода, ба фазои идона шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дар доираи чорабинӣ бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор дар соли 2026 ба 10 нафар занони ғолиби озмуни грантҳои раиси ноҳияи Айнӣ аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дипломҳо тақдим карда шуданд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо занони грантгир онҳоро барои истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, боз ҳам густариш додани фаъолияти ҳунармандӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби бештари занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар ҳидоят намуд.
Ҳамчунин, ба ихтироъкорон, ҳаваскорони санъат ва омӯзгорони онҳо дастур дода шуд, ки ҷиҳати такмили маҳорату малакаи эҷодӣ ва ҳунарии шогирдон, омода намудани онҳо ба саҳнаҳои бузург ва муаррифии дастовардҳои эҷодиву ихтироъкорӣ дар сатҳи ҷамоат, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Зимни боздид раиси ноҳия ба масъалаҳои дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ, эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занони ҳунарманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Қобили зикр аст, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, дастгирии занони ҳунарманду соҳибкор ва фароҳам овардани имконият барои муаррифии маҳсули эҷоди онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон аҳамияти муҳим дорад.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










