
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ роҳпаймоии бошукӯҳи умумихалқӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони корхонаҳои саноатӣ, намояндагони соҳаҳои гуногун ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ дар кӯчаҳои ноҳия ҳаракат намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва сарҷамъии мардуми кишвар парафшон карданд.
Дар ҷараёни роҳпаймоӣ иштирокчиён зери шиорҳои ватандӯстона, бо садо додани суруду таронаҳо ва қироати шеърҳои пурмуҳтаво дар васфи Парчами давлатӣ роҳпаймоиро идома бахшиданд. Парчамҳои рангоранги давлатӣ, шиорҳои тараннумгари ватандӯстӣ ва садои суруду шеърҳои ватандорӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хосса бахшида, фазои идона ва руҳияи баланди ифтихори миллиро фароҳам оварданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти асосии давлатдорӣ ва рамзи ҳастии миллат, соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Он таҷассумгари таърихи пурғановати миллат, орзуву ормонҳои мардум ва талошҳои наслҳои гузашта барои расидан ба озодӣ ва давлатдории миллӣ мебошад.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ, имкони муносибест барои арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ.
Чунин чорабиниҳои бошукӯҳи идона дар таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамбастагии ҷомеа нақши муҳим дошта, бори дигар аз муҳаббату садоқати сокинони ноҳияи Айнӣ ба Ватани маҳбуб ва рамзҳои муқаддаси он шаҳодат медиҳанд.
Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










