Хабарҳои руз

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ИФТИХОРУ САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Бахши расмии чорабинӣ бо ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии табрикии худ ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосии давлатдорӣ ва рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, нангу номус ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва ормонҳои давлатдории миллӣ пайванди ногусастанӣ дошта, дар замони соҳибистиқлолӣ ба рамзи сарҷамъӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар табдил ёфтааст.

Раиси ноҳия аз аҳамияти таърихии қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки 24 ноябри соли 1992 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯзи муҳими эҳёи рамзҳои давлатдории миллӣ сабт гардидааст.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти парафшонии Парчами миллӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ шудааст.

Равшан Раҳимзода изҳор дошт, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд дар қалби ҳар як шаҳрванд, бахусус наврасону ҷавонон, ҳамчун эҳтиром ба Ватан, таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ҷой дошта бошад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки бо меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ барои пешрафти Ватани маҳбубамон талош намояд.

Баъдан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода паёми табрикии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид.

Дар паёми табрикӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатии тоҷикон ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои созандаи мардуми кишвар мебошад. Арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи ҳар як сокини мамлакат буда, эҳтиром ба он нишонаи муҳаббату садоқат ба Ватани азиз маҳсуб меёбад.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳунармандони бахши фарҳанг ва ҳаваскорони санъат бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва мусиқии миллӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хосса бахшиданд.

Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button