Хабарҳои руз

ИДОМАИ МАЪРАКАИ КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар доираи татбиқи сиёсати экологӣ ва дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Айнӣ маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад.
Бо ин мақсад Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар як қатор чорабиниҳои ниҳолшинонӣ шахсан иштирок намуда, барои васеъ намудани майдонҳои сабз, шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда, инчунин дарахтони сояафкану ороишӣ саҳми фаъол мегузорад. Дар раванди маърака масъулини сохторҳои давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия низ фаъолона ширкат варзида истодаанд.
Зимни тадбирҳои кабудизоркунӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ва дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини ноҳия, инчунин дар доманакӯҳҳо зиёда аз бист ҳазор ниҳоли арча, санавбар ва дигар дарахтони мевадиҳанда, ки ба иқлими маҳал мутобиқ мебошанд, шинонида шуданд. Ин иқдом ба беҳтар гардидани вазъи экологии минтақа ва афзоиши майдонҳои сабз мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки кабудизоркунӣ яке аз тадбирҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ба ҳисоб рафта, барои ҳифзи муҳити зист, беҳтар кардани сифати ҳаво ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ нақши муҳим мебозад.
Қобили зикр аст, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мавриди амал қарор дошта, он ба беҳтар намудани вазъи экологии кишвар, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди «сабз» нигаронда шудааст.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 Президенти мамлакат таъкид намуда буданд: «Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба масъалаи кабудизоркунӣ ҷиддӣ муносибат намоем. Мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки ободу сарсабз мерос гузорем».
Дар баробари ин, дар ҳудуди ноҳия мунтазам маъракаҳои тозакорӣ ва ободонӣ баргузор гардида, ҷиҳати нигоҳубини дурусти ниҳолҳо ва ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар доираи тадбирҳои ободониву сабзкорӣ айни ҳол дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ зиёда аз 500 бех ниҳоли арчаҳои навъи маҷавеллик ва туякӣ шинонида шуд. Ниҳолҳои мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ дастрас гардида, бо иштироки фаъолонаи роҳбарияти ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон шинонида шуданд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода низ иштирок намуда, ҷараёни шинонидани ниҳолҳоро назорат ва роҳнамоӣ кард. Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо барои зебо гардонидани муҳити атроф, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ҳифзи табиат аҳамияти муҳим доранд.
Ҳамзамон, дар ноҳия маъракаи фурӯши ниҳолҳои ба иқлим мутобиқ пайваста роҳандозӣ мегардад. Айни ҳол дар маркази ноҳияи Айнӣ ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо ташкил карда шуда, зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун — мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ ба пешкаши сокинон гардонида шудааст.
Идомаи чунин иқдомҳои сабзкорӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда, барои беҳтар шудани муҳити экологӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии солими аҳолӣ саҳми назаррас мегузорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 62

Leave a Reply

Back to top button