
Дар партави сиёсати инсонпарварона ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти арҷгузорӣ ба хизматҳои калонсолон ва қадршиносии заҳмати занону модарон, Раиси ноҳияи ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар бо як гурӯҳ собиқадорони меҳнат ва заноне, ки дар рушду пешрафти ҷомеа ва тарбияи фарзандони содиқи Ватан саҳми назаррас гузоштаанд, мулоқоту дидорбинӣ анҷом дод.
Зимни ин мулоқоти самимӣ Раиси ноҳия изҳор дошт, ки эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба калонсолон, махсусан модарон ва занони собиқадор, аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад. Қайд гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои баланд бардоштани мақому манзалати занон, инчунин дастгирии иҷтимоии собиқадорон тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд: «Модар – сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгар ва асоси устувории оила ва ҷомеа мебошад. Арҷ гузоштан ба модар ва занон, эҳтиром ба калонсолон нишонаи фарҳанги воло ва инсонгароии миллат аст».
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ анъанаи неки дастгирӣ ва аёдати собиқадоронро идома дода, дар арафаи ҳар як ҷашну санаҳои таърихӣ бо эҳсоси масъулият ва ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин иқдоми нек ҳамчун рамзи эҳтиром ба заҳмати чандинсолаи онҳо ва пос доштани арзишҳои миллӣ роҳандозӣ гардида, дар ноҳия ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ҷараёни дидорбинӣ ба собиқадорон туҳфаҳои идона тақдим гардида, ба онҳо сиҳатмандӣ, умри дароз ва рӯзгори пурфайз таманно карда шуд.
Собиқадорон ва модарони рӯзгордида дар навбати худ барои чунин таваҷҷуҳу қадрдонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус калонсолону занон, равона гардидааст. Онҳо барои сулҳу субот, оромӣ ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз дуои нек карданд.
Чунин мулоқоту дидорбиниҳо нишонаи равшани эҳтироми давлату Ҳукумат ба хизматҳои собиқадорон буда, ҳамзамон барои таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ ва пайванди наслҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 7









