Хабарҳои руз

Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба ифтихори Рӯзи Модар

Модарону бонувони муҳтарам, хоҳарону духтарони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти пуршарафатон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои пурифтихору пурмаънои миллат ба ҳисоб рафта, рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба бузургтарин неъмати зиндагӣ – модар мебошад. Модар сарчашмаи ҳаёт, рамзи меҳру муҳаббат, намунаи сабру таҳаммул ва мактаби аввалини тарбияи инсон аст. Маҳз бо меҳру муҳаббат ва заҳмати шабонарӯзии модарон насли солиму худшинос ва ватандӯст ба камол мерасад.
Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Зан – модар чароғи хонадон, тарбиятгари насли инсонпарвару ватандӯст ва неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа мебошад.»
Дар ҳақиқат, занону модарони тоҷик дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун такягоҳи маънавии ҷомеа, тарбиятгари фарзандони некном ва ҳомии арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Имрӯз дар асоси як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои муҳими давлатӣ барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Натиҷаи чунин сиёсати дурбинона имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ низ баръало мушоҳида мегардад. Бонувону духтарони ноҳия дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа – илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ, кишоварзӣ ва идоракунии давлатӣ фаъолияти самаранок дошта, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯз занону бонувони ноҳияи Айнӣ ҳамчун омӯзгорони соҳибтаҷриба, табибони ғамхор, соҳибкорони муваффақ, ҳунармандони чирадаст ва модарони меҳрубон барои рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврас хизматҳои шоиста анҷом медиҳанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо ба неруи созандаи занону модарони тоҷик эътимоди комил дорем ва боварӣ дорем, ки онҳо дар пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ бо дарназардошти аҳамияти нақши занон дар ҷомеа масъалаи дастгирии онҳо, фароҳам овардани имконият барои фаъолияти соҳибкорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби духтарон ба таҳсилро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ медонад.
Мо итминони комил дорем, ки модарону бонувони шарафманди ноҳия минбаъд низ дар тарбияи фарзандони ватандӯсту соҳибмаърифат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми назаррас мегузоранд.
Дар фарҳанги куҳанбунёди мо мафҳумҳои «Модар» ва «Ватан» бо ҳамдигар ҳаммаъно буда, эҳтиром ба модар маънои эҳтиром ба Ватанро дорад. Аз ин рӯ, қадршиносии модар ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҳамаи модарону бонувони азиз ва духтарони гиромии ноҳияро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори пурсаодат, файзу баракати зиндагӣ ва дар тарбияи фарзандони солиму соҳибмаърифат комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Рӯзи Модар муборак бошад, модарону бонувони гиромӣ!
Возможно, это изображение текст

Leave a Reply

Back to top button