Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Модар чорабинии идона бо иштироки васеи ҷомеа баргузор гардид.
Дар ин чорабинии тантанавӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия, занону модарони фаъол, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор баргузор мегардад, рамзи эҳтирому қадршиносии баланд нисбат ба занону модарон мебошад. Раиси ноҳия ба ҳамаи модарону бонувони ноҳия саломатии бардавом, хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуд.
Зимни суханронии худ мавсуф изҳор дошт, ки сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлоли давлатӣ барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Бо шарофати ин сиёсати хирадмандона имрӯз занону бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти фарҳанг ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Қайд гардид, ки занони ноҳияи Айнӣ низ дар радифи занони фаъолу ташаббускори кишвар бо меҳнати софдилона дар ободонии диёр, тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеаи демократӣ саҳми босазо мегузоранд. Модарон ҳамчун тарбиятгарони аввалини фарзандон дар парвариши эҳсоси баланди худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ нақши калидӣ доранд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи арҷгузорӣ ба занону модарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, иззату эҳтироми зан – модар ҳамчун арзиши муҳими фарҳангу тамаддуни тоҷикон таъкид шудааст. Аз ин рӯ, дар сатҳи давлатӣ бо тантанаи хоса таҷлил гардидани Рӯзи Модар нишонаи қадршиносии давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба нақши муҳими занон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Умедҷон Сафарзода суханронӣ намуда, табрикоти самимонаи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Модар ба ҳамаи модарону бонувони ноҳия расонид. Ӯ аз саҳми арзишманди занон дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли солим ёдовар шуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои нав орзу намуд.
Дар доираи чорабинӣ ба як қатор занону бонувони фаъол, ки дар рушди соҳаҳои гуногун ва ободонии диёр саҳми назаррас доранд, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия изҳори сипос ва миннатдорӣ баён гардида, туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандону санъаткорони маҳаллӣ идомабахши чорабинии идона гардида, бо суруду таронаҳои дилнишин ва баромадҳои ҳунарӣ фазои идонаро боз ҳам шукуҳмандтар намуд.
Чорабинии бошукӯҳи Рӯзи Модар дар фазои самимият, эҳтиром ва қадршиносии модарону бонувон баргузор гардида, ба иштирокчиён рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 33

Leave a Reply

Back to top button