
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳангии ноҳияи Айнӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Чорабинӣ бо маросими гулгузорӣ дар назди пайкараи устод Садриддин Айнӣ оғоз ёфта, баъдан меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Айнӣ дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, чакану гулдӯзӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, асбобҳои рӯзгор, инчунин навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Равшан, Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Исмоил Султон, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, фаъолони ҷомеа ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ меҳмонон бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Айнӣ шинос гардида, ба сифати маҳсулоти пешниҳодшуда ва ҳунари баланди косибону деҳқонони ноҳия баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки ноҳияи Айнӣ бо табиати зебо, таърихи куҳан, захираҳои бойи табиӣ ва мардуми меҳнатдӯсташ яке аз минтақаҳои муҳимми ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, сокинони шаҳри Душанбе имконият пайдо намуданд, ки маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи ноҳияи Айниро дастрас намоянд.
Баргузории Рӯзи фарҳангии ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе боз як иқдоми муҳими фарҳангӣ дар роҳи таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди ҳамкориҳои байни шаҳру ноҳияҳо, муаррифии фарҳанги миллӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ баргузор шуд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 76
Смотреть статистику
243
5
40










