
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар деҳаи Вашан маросими ба истифода додани шабакаи нави оби нӯшокӣ баргузор гардид.
Иншооти мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Хайриявии Тоҷикистон» бунёд гардида, яке аз лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳа ба ҳисоб меравад.
Тавре иттилоъ дода шуд, об аз чашмаи Сойи Вашан тавассути қубурҳои қутрашон 75 миллиметр дар масофаи 4200 метр ба ҳавзи захиравии дорои ғунҷоиши 30 тонна интиқол дода мешавад. Аз он ҷо об тавассути қубурҳои қутрашон 40 миллиметр дар масофаи 2400 метр ба шабакаи дохилии деҳа ворид гардида, сипас бо қубурҳои қутрашон 20 миллиметр байни истифодабарандагон тақсим карда мешавад.
Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ 150 хоҷагӣ, ки зиёда аз 800 нафар аҳолиро дар бар мегирад, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд. Ҳамзамон дар ҳудуди деҳа 50 нуқтаи обтаъминкунӣ насб шудааст, ки дастрасии сокинонро ба оби босифат боз ҳам осонтар мегардонад.
Зимни маросими ифтитоҳ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз саҳми арзишманди Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Хайриявии Тоҷикистон» дар амалисозии ин ташаббуси муҳим изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарият ва намояндагони ташкилот барои ҳамкории судманд ва дастгирии рушди иҷтимоии ноҳия арзи сипосу миннатдорӣ баён кард. Таъкид гардид, ки таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва беҳдошти вазъи санитариву эпидемиологии деҳот аҳаммияти бузург доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёду азнавсозии даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, инфрасохторӣ ва хизматрасонӣ бо маром идома дошта, онҳо ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 17
Смотреть статистику
148
4
15










