Хабарҳои руз

Ситоди омодабошии захираҳои сафарбарӣ ва қувваю воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид

Санаи 27 июли соли 2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо мақсади таҳкими омодагии мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва сафарбарии захираҳо, ҷаласаи Ситоди назди раиси ноҳияи Айнӣ оид ба омодабошии захираҳои сафарбарӣ ва қувваю воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ баргузор шуд.
Дар кори ситод Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарият ва намояндагони комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони ҳарбии ҷамоатҳо, роҳбарияти муассисаҳои тандурустӣ, КАТС-и ноҳия ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷангии захираҳои сафарбарӣ, фаъолияти дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ, пешгирии амалҳои диверсионӣ ва тахрибкорӣ, инчунин ташкили хизмати комендантӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки ҳайати захиравии шаҳрвандон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор бояд то баргузории чорабиниҳои муҳими давлатӣ пурра омода бошанд. Ӯ зикр кард, ки ҳолати омодабошии ҷангии ҳайати шахсӣ санҷида шуда, ҳамчунин техникаи гуногуни хоҷагии халқ барои иҷрои вазифаҳои эҳтимолӣ дар ҳолати омодабошӣ қарор дода мешавад.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо санҷиши сатҳи омодабошии ҷангӣ ва сафарбарӣ, такмили малакаҳои ҳайати шахсӣ, таҳкими ҳамоҳангии сохторҳои низомиву қудратӣ, баланд бардоштани омодагии амалиётӣ-тактикӣ ва тақвияти қобилияти мудофиаи ҳудудӣ мебошад.
Дар идомаи суханронӣ Равшан Раҳимзода изҳор дошт, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ ҳамеша барои ҳифзи марзу буми Ватан омодаанд ва иштироки фаъоли намояндагони тамоми сохторҳо дар ин ҷамъомад далели равшани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии онҳо хоҳад буд. Ӯ таъкид кард, ки ҳифзи сулҳу субот, амният ва манфиатҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон намунаи ибрат буда, тамоми сохторҳо вазифадоранд дар иҷрои масъулияти худ содиқона хизмат намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа масъулон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон, омодагии доимӣ барои ҳифзи амнияту оромии кишвар ва иҷрои босифати вазифаҳои мудофиаи ҳудудӣ дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button