Хабарҳои руз

Боздиди Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Урметан

Дар доираи назорати иҷрои нақшаи чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Вашан ва Мадми Ҷамоати деҳоти Урметан боздид ба амал овард.
Ёдовар мешавем, ки барои бунёди ин ду муассисаи таълимӣ 26 феврали соли 2026 санги асос гузошта шуда, сохтмони онҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷараён дорад. Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳо беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии хонандагон ба таҳсил мебошад.
Зимни боздид аз иншооти сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Вашан иттилоъ дода шуд, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи таҳким ва бунёди таҳдевори бино қарор доранд. Сохтмончиён корҳои омодасозӣ ва гузоштани таҳкурсиро мутобиқ ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ бо суръати хуб идома дода, барои гузаштан ба марҳилаҳои навбатии сохтмон тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Раиси ноҳия аз ҷараёни корҳои иҷрошуда шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати истифодаи масолеҳи босифат, риояи талаботи техникӣ, таъмини бехатарии меҳнат ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои муайяншуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома Равшан Раҳимзода аз рафти сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Мадм низ боздид намуд. Тибқи маълумоти масъулини сохтмон, дар иншоот айни ҳол корҳои монолитрезӣ бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ идома дошта, сохтмончиён бо ҷалби техника ва неруи корӣ корҳои пешбинишударо мутобиқи нақша ба иҷро расонида истодаанд.
Таъкид гардид, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Мадм барои 700 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш барои беҳтар гардидани шароити таҳсил ва бартараф намудани норасоии ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таълимии маҳал нақши муҳим хоҳад гузошт.
Ҳамзамон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Вашан барои 384 хонанда дар ду баст бунёд гардида, бо синфхонаҳои барҳаво, китобхона, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, шабакаҳои муҳандисӣ, дегхона, ҳавзи захираи об барои ҳолатҳои сӯхтор ва майдончаҳои варзишӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ зимни суҳбат бо масъулони сохтмон ва намояндагони фармоишгар таъкид намуд, ки сифати корҳои сохтмонӣ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамаи корҳои пешбинишуда мутобиқ ба лоиҳа ва меъёрҳои муосири сохтмонӣ анҷом дода шаванд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда суръати корҳои сохтмонӣ бештар гардида, иншоот дар муҳлатҳои муайянгардида мавриди истифода қарор дода шавад.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар деҳаҳои Вашан ва Мадм яке аз иқдомҳои муҳими иҷтимоӣ дар самти рушди соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ ба шумор рафта, барои фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсил ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст мусоидат хоҳад кард.
Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Урметан бо маром идома дошта, зери назорати доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қарор доранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button