Хабарҳои руз

БАРНОМАИ РАНГИНИ ФАРҲАНГӢ ДАР АМФИТЕАТРИ БОҒИ БА НОМИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ АЙНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи Рӯзи фарҳангии ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе дар амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ ва ҳунармандони зодаи ин ноҳия баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки доираи васеи сокинону меҳмонони пойтахт дар фазои тантанавӣ ҷараён гирифт.
Пеш аз оғози барномаи консертӣ қисми расмии чорабинӣ баргузор гардид. Дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Равшан ва Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Исмоил Султон суханронӣ намуда, аз аҳаммияти баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахт ёдовар шуданд.
Зикр гардид, ки чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии минтақаҳо, таҳкими робитаҳои дӯстона, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти махсус доранд.
Дар идомаи қисми расмӣ маросими супоридани Сипосномаҳо баргузор гардид. Аз ҷумла, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ба Раиси ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Равшан барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, саҳми арзанда дар таҳкими робитаҳо ва муаррифии дастовардҳои ноҳияи Айнӣ дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо тақдим намуд.
Пас аз анҷоми қисми сиёсӣ барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ оғоз ёфт. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ ва ҳунармандони зодаи ноҳия бо иҷрои беҳтарин суруду таронаҳои ватандӯстона, оҳангҳои мардумӣ, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Дар барнома таронаҳое садо доданд, ки дӯстиву ваҳдат, меҳри Ватан, сулҳу субот, ободкорӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро тараннум мекарданд.
Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро иқдоми арзишманд дар самти эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги асил, дастгирии ҳунармандони мардумӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда, ба ҳунари аҳли фарҳанги ноҳияи Айнӣ баҳои баланд доданд.
Барномаи идона дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ анҷом ёфта, ҳамчун яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангии пойтахт дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон гардид.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 39
Смотреть статистику

198

1

36

Leave a Reply

Back to top button