Хабарҳои руз

ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 8-уми апрели соли 2025 вохӯрии Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо зодагони ноҳияи Айнӣ, донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии вилояти Суғд таҳсил менамоянд, баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории мулоқоти мазкур бори дигар шиносоӣ пайдо намудан аз раванди таълиму илм ва маърифатомўзӣ, вазъи зисту зиндагии донишҷўён – ҷавонони саодатманд асос ёфта, фарогирии онҳо ба ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Рӯзибой Раҳимзода зимни баромади хеш аз ғамхориҳои ҳамешагӣ ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ афзуда, ҳазорон нафар соҳибтахассус гардидаанд, ки дар қатори онҳо муҳассилини ноҳияи Айнӣ низ кам нестанд. Дар ин асно ба ҳамаи Шумо дар роҳи пурмасъулияти омӯзиши асосҳои илм ва касбу ҳунар барору комёбӣ ва муваффақият мехоҳам.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояшон бо ҷавонони кишвар чунин қайд намуда буданд: “Асри 21 ҳамчун даврони пешрафти бесобиқаи илму технология моро водор месозад, ки барои тарбияи истеъдодҳо аз ҳисоби насли наврасу ҷавони кишвар, яъне ба воя расонидани кадрҳои замони нав ва номбардорони ояндаи миллат аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи шоиста ва камолоти маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам созем”.
Аз ин рӯ имрӯзҳо бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахусус Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд баргузор шуда истодааст, ки вохӯрии имрӯзаи мо низ аз ҷумлаи онҳост.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии бо суръати мамлакат, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун ҳадафи ояндасоз эълон гардида буд, дар ноҳия корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд. Айни ҳол дар ноҳия корхонаҳои азими саноатӣ аз қабили КМ, Анзоб, КФ Шахтаи – Фон – Яғноб, Ширкати металургии Анзоб, ҶДММ Талко – Ресурс, ширкати ТВЕА – Душанбе саноати кӯҳӣ ва ҶСП Talco Gold фаъолият намуда истодаанд. Дар соҳаи саноат низ ноҳияамон бо қадамҳои устувор ба пеш рафта истодааст. Айни ҳол дар ноҳия наздики 20 адад корхонаҳои саноатӣ бомаром фаъолият намуда, ҳар яки онҳо ба муттахасисони баландихтисос, бомаҳорат ва донишманд эҳтиёҷ доранд.
Инчунин, дар асоси нақша чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлати сохта ба истифода дода шудани 595 – адад иншоотҳои гуногунсоҳа пешбинӣ гардидааст, ки иҷриоши босамари нақшаи пешбинигардида боиси ба миён омадани чандин ҷойҳои кории нав дар ноҳия мегардад.
Маҳз бо ҳамин хотир ба шумо вохурии мову шумо ба нақша гирифта шуда, иброз медорам, ки донишҳои замонавиро аз худ намоед, мутахассисони сазовор ба воя расед, то дар оянда барои пешрафти кишвар ва маҳалли худ саҳмгузор шуда тавонед.
Дар зимн, донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта, Раиси ноҳияро бовар кунониданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбарияти Олии кишвар хубу аъло хонда, дар оянда пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегарданд.
Дар вохӯрӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол Раҳматномаву мукофотҳои пулии Раиси ноҳияи Айнӣ супорида шуд.
“Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ”
и ещё 14

Leave a Reply

Back to top button