
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2027 дар доираи Барномаи “Кишвари сабз” дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо мешинонад. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти сабз, таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.
Вобаста ба иҷроиши ин Барнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бо мақсади васеъ намудани майдони ҷангалзор ва барқарорсозии қитъаҳои хушкгардидаи ҷангал дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ дар масоҳати 0,80га ниҳолхона ташкил гардид, ки дар он тухми намудҳои гуногуни дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳандаро шинониданд.
Аз хоҷагии ҷангали ноҳия дар ин маврид иттиллоъ доданд, ки дар ниҳолхонаи мазкур 80 килограм тухми шафтолу, 80 килограм зардолу, 80 килограм чормағз, 10 килограм олуча, 10 килограм туғдона, 45 килограм бодом, 10 килограм дуб ва 12500 бех қаламчаи сафедор кишт карда шуд.
Дар хоҷагии ҷангал ба парвариши ниҳолҳои ороишию сояафкан низ диққати махсус дода мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ вобаста ба серталаб будани меваи хуч ният доранд, ки майдони хучзорро васеъ намоянд. Вобаста ба ин дар хоҷагӣ парвариш ва бунёди хучзор ба нақша гирифта шуда, дар як қитъаи ниҳолхона парвариши қаламчаҳои навъи беҳтарини хуч ба роҳ монда шудааст.
Гуфта мешавад, ки бо каме гарм шудани ҳаво кормандони муассисаи хоҷагии ҷангал мақсад доранд бунёду барқарорсозии ҷангалзор ва дар қитъаи алоҳида васеъ намудани майдони хучзорро оғоз намоянд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ майдони ниҳолхонаҳо дар ноҳия зиёд гардонида мешаванд. Зимни боздид аз фаъолияти Хоҷагии ҷангали ноҳия Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба масъулон дастур дод, ки доир ба амалисозии барномаи сабзгардонӣ, зиёд намудани ниҳолхонаҳо ва таъмин намудани ноҳия бо ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда чораҳои ҷиддӣ андешанд.





и ещё 16