Хабарҳои руз

Идомаи корҳои бунёдкорӣ дар ноҳияи Айнӣ

Имрӯзҳо зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси бевоситаи Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар ҳудуди ноҳия тадбирҳои ободкориву созандагӣ бо авҷу суръати тоза ҷараён доранд.
Дар ин замина аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди як қатор иншооти таъиноти гуногун амалӣ шуда истодааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Вешаб майдончаи варзишӣ дар якҷоягӣ бо сокинон сохта мешавад.
Боиси хушнудист, ки бунёди иншооти муҳими варзишӣ барои бозии кӯдакону наврасон ва ҷавонон шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иқдоми мазкур ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш заминаҳои устувор фароҳам меорад ва дар ташаккули ҷисмию маънавии насли наврас нақши назаррас мегузорад.

Leave a Reply

Back to top button