Хабарҳои руз

Корҳои барқарорсозӣ дар деҳаҳои зарардидаи ноҳияи Айнӣ бо суръат идома доранд

Корҳои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ дар деҳаҳои Дарғу Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ бо ҷалби тамоми қувва ва воситаҳои зарурӣ идома доранд.
Имрӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳамроҳ бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Зарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон ва муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамшед Кучаков аз хонаҳои сокинони зарардида боздид намуда, бо аҳолӣ хона ба хона суҳбат анҷом доданд.
Зимни боздид вазъи ҳар як оилаи зарардида мавриди омӯзиш қарор гирифта, ниёзмандии онҳо ба маводи ғизоӣ, оби нӯшокӣ, шароити зист ва дигар кумакҳои аввалиндараҷа баррасӣ гардид. Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои дахлдор ҳаҷми хисороти расидаро дақиқ муайян намуда, баҳисобгирии пурраи оилаҳои зарардида ва аъзои онҳо, инчунин хисороти молиро дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом диҳанд.
Ҳамзамон, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои коммуналӣ ва дигар идораҳои марбута бо истифода аз техникаҳои махсус ба тоза намудани кӯчаву роҳҳо, бартараф кардани селоба, барқарорсозии шабакаҳои муҳандисӣ ва дигар корҳои таъмиру барқарорсозӣ машғул мебошанд.
Таъкид гардид, ки корҳои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо супориши роҳбарияти олии кишвар тамоми техникаҳои ёрирасон, имкониятҳои мақомоти давлатӣ ва сокинони маҳаллӣ барои ҳарчи зудтар барқарор намудани шароити муқаррарии зиндагии мардум сафарбар гардидаанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки ҳеҷ як оилаи зарардида бетаваҷҷуҳ намемонад ва мақомоти давлатӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, муайян намудани ҳаҷми зарар ва расонидани кумакҳои зарурӣ ҳамаи тадбирҳои лозимиро амалӣ хоҳанд кард.
Айни замон корҳои барқарорсозӣ дар тамоми минтақаҳои осебдида бо суръат идома дошта, вазъият таҳти назорати доимии мақомоти ҷумҳуриявӣ, вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ қарор дорад.

Показать меньше
и ещё 29
Смотреть статистику

109

5

15

Leave a Reply

Back to top button