
Субҳи имрӯз дар деҳаи Дарғи Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон ва муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамшед Кучаков ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Зарифзода ситоди ноҳиявии бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ баргузор гардид.
Ситоди мазкур бо супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, фаъолияти тамоми сохторҳои марбутаро барои бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ ҳамоҳанг месозад.
Зимни ҷаласаи ситод ба масъулони соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, то корҳои барқарорсозӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин анҷом дода шаванд. Таъкид гардид, ки вазъият таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дошта, барои расонидани кумаки зарурӣ ба сокинони зарардида тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 11 июл бар асари боришоти шадиди зиёд дар деҳаҳои Дарғу Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, заминҳои кишоварзӣ ва як қатор иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ хисороти зиёд расонд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сел аз нови Сурхӣ, сойи Кашак ва сойи Ҷарии деҳаи Каздон фаромада, ба ҳар ду деҳа ворид шудааст. Дар натиҷа роҳҳои мошингард ва пиёдагард, хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ, роҳҳои соҳили дарё, ҷӯйборҳо, боғҳо ва кишти зироатҳои кишоварзӣ зарар диданд.
Ҳамчунин, 11 адад автомашинаи сабукрав, як автомашинаи боркаши тамғаи «КамАЗ», ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздон, беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ, мағозаҳои хӯроквории деҳаҳои Дарғу Каздон ва дигар молу мулки шаҳрвандон аз сел осеб диданд.
Хушбахтона, дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Аз лаҳзаҳои аввали ҳодиса Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар маҳалли офат қарор гирифта, ситоди ноҳиявии ҳолатҳои фавқулоддаро таъсис дод. Бо супориши ӯ тамоми сохторҳои марбута фавран ба маҳалли ҳодиса сафарбар гардида, корҳои бартарафсозии пайомадҳои селро аз шаби гузашта ба таври шабонарӯзӣ оғоз намуданд.
Дар айни замон техникаҳои зарурӣ дар минтақа фаъолона кор карда, роҳҳои мошингард аз лойу санг тоза мешаванд. Бо талоши муштараки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, шабакаҳои барқ ва дигар сохторҳои дахлдор хатҳои интиқоли неруи барқ, шабакаҳои оби нӯшокӣ ва роҳҳои асосӣ аллакай барқарор гардида, корҳои барқарорсозӣ дар дигар қитъаҳои осебдида идома доранд.
Айни замон комиссияи махсус ба муайян намудани ҳаҷми пурраи хисорот машғул буда, ҳамзамон барои расонидани кумаки зарурӣ ба оилаҳои зарардида тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд.
Сокинони деҳаҳои Дарғу Каздон низ бо эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти баланд дар бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ фаъолона иштирок намуда, дар тоза кардани манзилҳо, кӯчаҳо, роҳҳо ва ҳифзи молу мулки худ саҳм мегузоранд.
Корҳои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ идома дошта, барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъият тамоми имконияту захираҳо сафарбар гардидаанд.
Показать меньше





и ещё 29
Смотреть статистику
164
3
19









