Хабарҳои руз

Дар деҳаҳои Дарғу Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд

Имрӯз бар асари боришоти шадиди зиёд дар деҳаҳои Дарғу Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, заминҳои кишоварзӣ ва як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ хисороти зиёд расонд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сел аз нови Сурхӣ, сойи Кашак ва сойи Ҷарии деҳаи Каздон фаромада, ба ҳар ду деҳа ворид шудааст. Дар натиҷа роҳҳои мошингард ва пиёдагард, хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ, роҳҳои соҳили дарё, ҷӯйборҳо, боғҳо ва кишти зироатҳои кишоварзӣ зарар диданд.
Ҳамчунин, 11 адад автомашинаи сабукрав, як автомашинаи боркаши тамғаи «КамАЗ», гирду атрофи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздон, беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ, мағозаҳои хӯроквории деҳаҳои Дарғу Каздон ва дигар молу мулки шаҳрвандон аз сел осеб диданд.
Хушбахтона, бар асари ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Бо супориши Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дарҳол ситоди ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуда, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, муайян намудани ҳаҷми хисорот ва расонидани кӯмаки аввалиндараҷа ба аҳолии зарардида дода шуд.
Ситоди ноҳиявӣ ва гурӯҳҳои кории марбута аз лаҳзаҳои аввали ҳодиса фаъолияти худро оғоз намуда, то бевақтии шаб дар маҳалли офат ба таври шабонарӯзӣ корбарӣ доранд. Барои барқарор намудани роҳҳо, тоза кардани селоба, ҳифзи амнияти аҳолӣ ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида тамоми имконияту техникаҳои мавҷуда сафарбар гардидаанд.
Раиси ноҳия аз минтақаҳои осебдида боздид намуда, бо сокинон суҳбат анҷом дод. Ӯ таъкид намуд, ки вазъият пурра зери назорати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар айни замон кормандони бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар маҳалли ҳодиса фаъолият дошта, ҳаҷми хисороти расида ва зарари молиро муайян мекунанд.
Ҳамзамон, сокинони деҳаҳо бо рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ ба тоза кардани манзилҳо, кӯчаву роҳҳо ва интиқоли молу мулки зарардида машғул буда, барои ҳарчи зудтар барқарор намудани шароити муқаррарии зиндагӣ саҳми худро мегузоранд.
Корҳои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ идома дошта, маълумоти иловагӣ пас аз ҷамъбасти фаъолияти комиссияи дахлдор пешниҳод хоҳад шуд.

Показать меньше
и ещё 35
Смотреть статистику

314

54

110

Leave a Reply

Back to top button