Хабарҳои руз

Дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ маҷмааи нави хизматрасонӣ – тарабхонаи «Исковат» мавриди истифода қарор дода шуд

7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан маҷмааи нави хизматрасонӣ – тарабхонаи замонавии «Исковат» мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ-техникӣ Наим Зарифзода ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода иштирок намуда, аҳли деҳаро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави хизматрасонӣ табрик гуфтанд.
Дар рӯзи ифтитоҳи бино ба ятимони кулл дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулон ва сокинони деҳаро бо ифтитоҳи иншооти нав табрик намуда, таъкид кард, ки дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои ниёзманд ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона дар баробари бунёди иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, барои таҳкими рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Тарабхонаи «Исковат» бо ташаббуси соҳибкорон ва аҳолии маҳаллӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Иншоот барои қабули то 150 нафар пешбинӣ шуда, дар масоҳати 250 метри мураббаъ сохта шудааст.
Бинои дуошёнаи маҷмаа аз ду толори барҳаво, ошхонаи замонавӣ, ҳуҷраи омодасозии хӯрок, анбор, ҳуҷраҳои хизматрасонӣ ва се нуқтаи санитарию беҳдоштӣ иборат мебошад. Дар ошёнаи якум ошхонаи муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва ҷойҳои хизматрасонӣ ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои баргузории тӯю маъракаҳо, ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ омода гардидааст.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Хатот»-и шаҳри Душанбе таҳия шуда, корҳои сохтмонӣ бо иштироки фаъоли аҳолӣ тариқи ҳашар амалӣ гардидааст. Бунёди чунин маркази хизматрасонӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни ифтитоҳи иншоот таъкид гардид, ки бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ имрӯзҳо дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ сокинон барои таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди ноҳияи Айнӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button