Хабарҳои руз

Дар шаҳраки Ревади ноҳияи Айнӣ маҷмааи нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд

7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, дар шаҳраки Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан маҷмааи нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ – сардори Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ-техникӣ Наим Зарифзода ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода иштирок намуда, сокинонро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти муҳими варзишӣ табрик гуфтанд.
Зикр гардид, ки рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди иншооти муосири варзишӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.
Маҷмааи нави варзишӣ дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ аҳамияти калон дорад.
Иншоот дар шаҳраки Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан ҷойгир буда, майдончаи варзишии он масоҳати 2100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии қитъаи замини барои маҷмаа ҷудогардида 45 сотихро дар бар гирифта, дар он майдончаҳои муҷаҳҳаз барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол, ҷой барои машқҳои тарбияи ҷисмонӣ ва дигар инфрасохтори зарурии варзишӣ бунёд шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳо ва машғулиятҳои мунтазами варзишӣ имконият фароҳам меорад.
Фармоишгари сохтмони иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ буда, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар бо иштироки фаъоли сокинон анҷом дода шудаанд. Лоиҳаи маҷмаа аз ҷониби КФ КВД «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Айнӣ таҳия гардида, барои бунёди он 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки чунин иншоот барои рушди оммавии варзиш, таҳкими саломатии аҳолӣ, дарёфт ва тарбияи варзишгарони боистеъдод, инчунин истифодаи самараноки вақти холии ҷавонон нақши муассир хоҳад дошт. Сокинони шаҳраки Ревад низ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва варзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳифзу истифодаи дурусти иншооти нав изҳор карданд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани маҷмааи варзишӣ дар шаҳраки Ревад боз як намунаи равшани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди деҳот, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонон мусоидат мекунад.

Показать меньше
и ещё 7
Смотреть статистику

78

5

8

Leave a Reply

Back to top button