
7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, дар деҳаи Ҳайронбеди Ҷамоати деҳоти Фондарё маҷмааи нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бунёди иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадафи он рушди инфрасохтори варзишӣ, фароҳам овардани шароити муосир барои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ мебошад.
Соҳаи варзиш дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи муҳим дошта, барои рушди он мунтазам иншооти замонавии варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳа барои омода намудани варзишгарони соҳибмаҳорат, таҳкими саломатии ҷомеа ва баланд бардоштани обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Маҷмааи нави варзишӣ дар деҳаи Ҳайронбед дар масоҳати 234 метри мураббаъ бунёд гардида, масоҳати зери сохтмони он низ 234 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дорои ду ҳуҷраи корӣ, як ҳавзи шиноварӣ, ду ҳуҷраи нуқтаи санитарию беҳдоштӣ дар ошёнаи дуюм, як толори варзишӣ, инчунин миёнасарой, роҳрав ва анҷомхона мебошад. Шароити муҳайёгардида имкон медиҳад, ки сокинон, бахусус наврасону ҷавонон, аз имкониятҳои муосири варзишӣ самаранок истифода намоянд.
Фармоишгари сохтмони маҷмаа соҳибкорон ва аҳолии маҳаллӣ буда, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар бо иштироки фаъоли сокинон анҷом дода шудааст. Барои бунёди иншоот 4,5 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст, ки ин аз саҳми арзандаи соҳибкорон ва аҳолӣ дар корҳои ободониву созандагии ноҳия шаҳодат медиҳад.
Зимни мавриди истифода қарор гирифтани маҷмаа таъкид гардид, ки чунин иншоот барои рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла шиноварӣ, тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва истифодаи самараноки вақти холии онҳо нақши муассир хоҳад дошт.
Сокинони деҳаи Ҳайронбед ифтитоҳи маҷмааи нави варзиширо бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, онро туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки чунин иқдомҳои созанда барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани маҷмааи варзишӣ дар деҳаи Ҳайронбед далели равшани татбиқи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бозгӯи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти мамлакат ба рушди деҳот, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва тарбияи насли солиму фаъол мебошад.





и ещё 9
Смотреть статистику
49
1
5









