Хабарҳои руз

Дар деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ майдончаи нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд

7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, дар деҳаи Шаватки Болои Ҷамоати деҳоти Рарз майдончаи нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бунёди ин иншооти варзишӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ мебошад.
Варзиш дар ҳама давру замон ҳамчун яке аз беҳтарин василаҳои муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, маҳз тавассути рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш насли солиму соҳибмаърифат ва тавонманд ба камол мерасад. Аз ин рӯ, дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди соҳаи варзиш ва бунёди инфрасохтори муосири варзишӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
Майдончаи нави варзишӣ дар деҳаи Шаватки Боло дар масоҳати 968 метри мураббаъ бунёд гардида, масоҳати умумии қитъаи замини барои он ҷудошуда низ 968 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот барои баргузории машғулиятҳои варзишӣ, мусобиқаҳои гуногун ва оммавигардонии варзиш дар байни сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонону наврасон, шароити мусоид фароҳам меорад.
Фармоишгари сохтмони иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ буда, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар бо иштироки фаъоли сокинони деҳа анҷом дода шудаанд. Барои бунёди майдончаи варзишӣ 380 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби КФ КВД «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Айнӣ таҳия шудааст.
Иштироки фаъолонаи аҳолии деҳаи Шаватки Боло дар корҳои сохтмонӣ нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҳамбастагӣ ва ҷонибдории онҳо аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо ба истифода додани иншооти мазкур имкониятҳои нав барои рушди варзиш, тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон ва истифодаи самараноки вақти холии онҳо фароҳам омадааст.
Сокинон ва ҷавонони деҳа ба мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи нави варзишӣ бо хушнудӣ истиқбол намуда, онро туҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Итминон изҳор гардид, ки чунин иншоот барои тарбияи насли солиму фаъол, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва рушди минбаъдаи варзиш дар ноҳияи Айнӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ ва варзишӣ далели равшани татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтори деҳот ва таҳкими тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button