
7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, дар деҳаи Петеи Ҷамоати деҳоти Фондарё майдончаи нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти варзишӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои рушди тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонону наврасон пешбинӣ шудааст.
Масоҳати умумии қитъаи замини барои майдончаи варзишӣ ҷудогардида 336 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фармоишгари сохтмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ буда, корҳои сохтмонӣ пурра тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони деҳа иҷро карда шуданд. Барои бунёди ин иншоот 325 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст.
Бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ сокинони деҳаи Пете дар корҳои сохтмонӣ фаъолона саҳм гузошта, иншоотро дар муҳлати муқарраргардида бо сифати хуб ба анҷом расониданд. Майдончаи нави варзишӣ минбаъд барои баргузории машғулиятҳои варзишӣ, мусобиқаҳои гуногун ва ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим хизмат хоҳад кард.
Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ – сардори Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ-техникӣ Наим Зарифзода, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, инчунин дигар намояндагони мақомоти давлатӣ ва фаъолони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтори деҳот ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои машғул шудани ҷавонон ба варзиш аҳамияти калон дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифтани иншооти иҷтимоӣ ва варзишӣ идома дошта, онҳо дар беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва рушди ҳамаҷонибаи маҳал саҳми арзанда мегузоранд.





и ещё 4
Смотреть статистику
57
6









