Хабарҳои руз

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ АЙНӢ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

8-уми июли соли 2026 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ – сардори Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ-техникӣ Наим Зарифзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Илҳом Худойдодзода, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда барои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ноҳия аҳамияти муҳим дорад. Ӯ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат барои иҷрои саривақтии барномаҳои рушд, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ободонии ноҳия пайваста тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Аз рӯи масъалаи асосии рӯзнома – Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2026 муовини якуми раиси ноҳия Суҳроб Раҳматзода бо маърӯзаи муфассал баромад намуд. Дар маърӯза нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодиёти ноҳия таҳлил гардида, фаъолияти соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, молия, иҷтимоиёт ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти босамари сохторҳои давлатӣ ва саҳми соҳибкорону сокинон дар аксари самтҳо пешравиҳои назаррас ба даст омада, иҷрои нақшаҳои пешбинишуда таъмин гардидааст.
Зимни баррасии масъала раиси ноҳия Равшан Раҳимзода фаъолияти тамоми соҳаҳоро ҳамаҷониба таҳлил намуда, аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа, иҷрои нақшаҳо, истифодаи самараноки имкониятҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда пурсиш ба амал овард. Ӯ таъкид намуд, ки новобаста ба дастовардҳои бадастомада, дар баъзе самтҳо камбудиҳо ва масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, ба масъулин супориш дода шуд, ки барои бартараф намудани нуқсонҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳо ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешанд.
Дар идомаи маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Зарифзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Илҳом Худойдодзода суханронӣ намуда, ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар шаш моҳи сипаригардида баҳои мусбат доданд. Онҳо ҳамзамон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти корҳои созандагию ободонӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, риояи талаботи қонунгузорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар сухани ҷамъбастии худ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид кард, ки тамоми фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷомеа бояд зери роҳнамоии сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шавад. Ӯ аз роҳбарону масъулини ҳамаи сохторҳо даъват ба амал овард, ки барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ноҳия, татбиқи босифати барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, бунёду навсозии иншооти иҷтимоӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фарҷоми маҷлис як қатор намояндагони соҳаи меъморӣ ва сохтмони ноҳия, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бо фаъолияти пурсамар ва натиҷаҳои назаррас ноил гардида буданд, бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардиданд.
Маҷлиси ҷамъбастӣ бо муайян намудани вазифаҳои мушаххас барои нимсолаи дуюми соли 2026 анҷом ёфта, масъулин изҳори омодагӣ намуданд, ки барои иҷрои босифати нақшаҳои пешбинишуда ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неру ва имкониятҳои худро сафарбар хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 44

Смотреть статистику

 

105

 

1

 

15

Leave a Reply

Back to top button