Хабарҳои руз

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ дар шаҳраки Зарафшон майдончаи варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон ҷойгир буда, барои рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ пешбинӣ гардидааст.
Масоҳати умумии қитъаи замини барои майдончаи варзишӣ ҷудогардида 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои сохтмони иншоот шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, он ҳамчун макони муносиб барои гузаронидани машғулиятҳои варзишӣ ва мусобиқаҳои маҳаллӣ хизмат хоҳад кард.
Фармоишгари сохтмони майдончаи варзишӣ Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Технологияи маъданшиносӣ ва кӯҳкорӣ» анҷом дода шудааст. Барои бунёди ин иншооти варзишӣ 620 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави иҷтимоӣ дар ноҳияи Айнӣ идомаи корҳои ободониву созандагӣ буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтори маҳаллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти иҷтимоиву фарҳангӣ заминаи устувор мегузорад.
и ещё 5
Смотреть статистику

27

1

2

Leave a Reply

Back to top button