
Дар доираи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтори деҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар ноҳияи Айнӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифтани иншооти иҷтимоӣ ва варзишӣ бо маром идома дорад.
Дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 июл зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, дар деҳаи Вешаби Ҷамоати деҳоти Шамтуч майдончаи нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои беҳтар барои машғулияти варзишии наврасону ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳа бунёд гардидааст.
Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 968,0 метри мураббаъ сохта шуда, масоҳати умумии қитъаи замини барои он ҷудогардида низ 968,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот дар маркази деҳаи Вешаб ҷойгир буда, барои гузаронидани машғулиятҳои варзишӣ ва мусобиқаҳои гуногун имконият фароҳам меорад.
Фармоишгари сохтмони иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ мебошад. Корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар бо иштироки фаъоли сокинони деҳа амалӣ гардида, саҳми арзандаи аҳолӣ дар бунёди иншоот намунаи равшани ҳамдилию ҳамкории ҷомеа дар корҳои ободониву созандагӣ ба ҳисоб меравад.
Пудратчии сохтмон аҳолии деҳаи Вешаб буда, маблағи умумии барои бунёди майдончаи варзишӣ равонашуда 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби КФ КВД «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Айнӣ таҳия шудааст.
Сокинони деҳа зимни корҳои сохтмонӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ саҳм гузошта, дар муҳлатҳои пешбинишуда бунёди майдончаро ба анҷом расониданд. Ба истифода дода шудани иншооти мазкур барои рушди варзиш, ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва таҳкими саломатии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ бори дигар шаҳодати он аст, ки дар доираи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ, вусъати тоза гирифта, барои зиндагии шоистаи сокинон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.





и ещё 3
Смотреть статистику
50
4
17









