Хабарҳои руз

Дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ майдончаи нави варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт

Варзиш дар ҳама давру замон ҳамчун яке аз беҳтарин василаҳои муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, маҳз тавассути рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш насли солиму тавонманд ба камол мерасад. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин соҳа, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҷойгоҳи хос дошта, барои бунёди иншооти муосири варзишӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.
Дар ҳамин замина, 7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, майдончаи нави варзишӣ дар деҳаи Рарзи Ҷамоати деҳоти Рарз мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва истифодаи самараноки вақти холии наврасону ҷавонон аҳамияти калон дорад.
Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 2250 метри мураббаъ сохта шуда, масоҳати умумии қитъаи замини барои он ҷудогардида низ 2250 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои гузаронидани машғулиятҳои варзишӣ, мусобиқаҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои солимгардонӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Фармоишгари сохтмони иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ мебошад. Корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар бо иштироки фаъоли сокинони деҳаи Рарз ба анҷом расонида шуда, маблағи умумии сохтмони иншоот 1,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Саҳми сокинони деҳа дар бунёди майдончаи варзишӣ намунаи равшани ҳамбастагӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо заҳмати аҳолӣ ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ иншоот дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода дода шуда, имрӯз барои дӯстдорони варзиш хизмат мерасонад.
Ба истифода додани майдончаи нави варзишӣ барои ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, таҳкими саломатии аҳолӣ, рушди истеъдодҳои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат намуда, дар оянда барои тарбияи варзишгарони болаёқат ва дастовардҳои нави варзишии ноҳия заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ ва варзишӣ бозгӯи татбиқи пайгиронаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, шаҳодат медиҳад, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ, корҳои созандагиву ободонӣ бо суръат идома дошта, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва рушди ҳамаҷонибаи деҳот иқдомҳои муҳиму созанда амалӣ карда мешаванд.

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button