
Дар доираи корҳои дастгирии сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаҳои Дарғу Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ аз ҷониби фондҳои хайриявии «Чашмаи умед»-и Саидмурод Давлатов ва ҶДММ «Нури Ғафурӣ»-и Ғафуров Хурсандмурод, кумакҳои башардӯстона расонида шуданд.
Ба оилаҳои зарардида маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар маводи зарурӣ дастрас гардида, миёни сокинони эҳтиёҷманд тақсим карда шуд.
Мақсади расонидани ин кумакҳо дастгирии оилаҳое мебошад, ки бар асари сел зарари моддӣ дида, дар рӯзҳои аввали пас аз офати табиӣ ба ёриву дастгирӣ ниёз доранд.
Сокинони деҳаҳои Дарғу Каздон барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба роҳбарони фондҳои мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин дастгириҳо дар баробари корҳои барқарорсозӣ барои беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо аҳаммияти калон дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ аз иқдоми инсондӯстонаи фондҳои хайриявии «Чашмаи умед» ва ҶДММ «Нури Ғафурӣ» истиқбол намуда, изҳор доштанд, ки ҳамбастагӣ ва дастгирии соҳибкорон, шахсони саховатманд ва ташкилотҳои хайриявӣ дар чунин рӯзҳои душвор намунаи олии эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки корҳои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба сокинони зарардида дар деҳаҳои Дарғу Каздон бо ҷалби мақомоти давлатӣ, сохторҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони хайрхоҳ таҳти назорати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Показать меньше





и ещё 25
Смотреть статистику
411
11
16









