
Дар деҳаҳои Дарғу Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида бо суръати баланд идома дошта, рӯз аз рӯз вусъати бештар касб менамоянд.
Айни замон корҳои барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаву паскӯчаҳо, роҳҳои соҳили дарё, роҳҳои дохилии деҳа, азнавсозии хатҳои интиқоли неруи барқ, барқарор намудани шабакаҳои оби нӯшокӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, кушодани маҷрои сойҳо ва ба масири муқаррарии худ баргардонидани ҷараёни об бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону сокинон бомаром идома доранд.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ имрӯзҳо аз тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия қувваи корӣ ба деҳаҳои зарардидаи Дарғу Каздон сафарбар карда мешавад. Сокинони тамоми гӯшаву канори ноҳияи Айнӣ бо ҳисси баланди масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстӣ ба кумак шитофта, дар корҳои тозакуниву барқарорсозӣ фаъолона иштирок доранд.
Ин ҳамбастагӣ ва ваҳдати сокинони ноҳияи Айнӣ бори дигар собит месозад, ки дар лаҳзаҳои душвор мардум бо якдигар паҳлу ба паҳлу истода, барои бартараф намудани мушкилот неруи худро муттаҳид менамоянд. Маҳз ҳамин рӯҳияи ягонагӣ ва ҳамдигардастгирӣ имкон медиҳад, ки пайомадҳои офати табиӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳ бартараф карда шаванд.
Дар баробари сокинон, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон ва соҳибкори ватандӯст Саидмурод Давлатов низ пайваста дар маҳалли ҳодиса қарор дошта, на танҳо ба рафти корҳои барқарорсозӣ роҳбарӣ мекунанд, балки дар корҳои ҷисмонӣ низ ҳамроҳи мардум иштирок менамоянд. Ин амали онҳо нишонаи масъулиятшиносӣ, садоқат ба мардум ва намунаи олии инсондӯстиву башардӯстӣ мебошад.
Ҳамзамон, мақомоти давлатӣ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти корҳои дохилӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ якҷо барои ҳарчи зудтар барқарор намудани шароити зиндагии сокинони зарардида саъю талош намуда истодаанд.
Айни ҳол вазъият дар деҳаҳои Дарғу Каздон мӯътадил буда, хатари фаврӣ бартараф гардидааст. Бо идомаи корҳои барқарорсозӣ ва дастгирии мақомоти дахлдор, инчунин бо заҳмати аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Айнӣ интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик шароити зиндагӣ пурра ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида шавад.
Показать меньше





и ещё 26
Смотреть статистику
208
6
37









