Хабарҳои руз

Дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, ба таври фосилавӣ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иншооти мазкур дар қатори 10 иншооти муҳими иҷтимоӣ, ки дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки фосилавии Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтанд, бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани худшиносии шаҳрвандон бунёд гардидааст.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ бунёд шуда, яке аз гӯшаҳои зебову муҳими шаҳраки Зарафшон ба ҳисоб меравад. Сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзеъ 35 метр баландӣ дошта, рамзи истиқлолу соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи эҳтироми баланди мардум ба муқаддасоти миллӣ мебошад.
Фармоишгари сохтмони иншоот Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Технологияи маъданшиносӣ ва кӯҳкорӣ» анҷом дода шудаанд. Барои бунёди майдони Парчами давлатӣ 750 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Бунёди чунин иншооти дорои аҳамияти маънавию тарбиявӣ дар арафаи ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, баланд бардоштани эҳсоси ифтихори миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Зарафшон идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ буда, бозгӯи таваҷҷуҳи доимӣ ба эҳтироми арзишҳои миллӣ, рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва фароҳам овардани муҳити зебову созгор барои сокинон мебошад.
Смотреть статистику

26

2

6

Leave a Reply

Back to top button